Арӯси 72- солаю домоди 19-сола
Як ҷавони 19-сола ба пиразани 72-сола бо тамоми ҳастӣ ошиқ шудааст. Гари баъди ду ҳафтаи шиносоӣ бо Алмеда Хардвики 72-сола пешниҳоди оиладоршавӣ карда буд ва акнун онҳо якҷоя умр ба сар мебаранд. Ҷавон гуфтааст, ки чашмони кабуди Алмеда ӯро ошиқи зор гардониданд. Вай аз айёми наврасӣ ба духтарон таваҷҷуҳ надоштааст. Вақте ки Гари дар бораи муҳаббаташ ба бибияш, ки ӯро тарбия кардааст, нақл мекунад, бибиаш интихоби ӯро мепазирад.
Оилаи Алмеда интихоби модари пирашонро чандон хуш қабул накарданд. Писараш барои шавҳари ҷавон карданаш бо модар қаҳрӣ шуда, то ҳол гап намезанад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ