Арӯси булӯрин

Ребекки Динсдейли 31-соларо устухонҳояш ба андозае нозуканд, ки табибон ҳатто ба мустақилона роҳ гаштану нишастанаш умед надоштанд ва ба волидонаш гуфта буданд, ки аз 2 сол зиёд умр намебинад.

Духтарак бо устухонҳои шикаста таваллуд шуда, дар давоми чанд соли зиндагияш боз чандин ҷароҳати дигар бардоштааст. Аксари ҷароҳатҳоро духтарак ҳангоми атса задан бардоштааст. Волидони Ребекки духтарашонро навозишкорона «лӯхтаки булурин» меноманд.

Вақте Ребекки бо либоси арӯсӣ ва бе аробаи маъюбӣ куртаи арӯсӣ ба бар намуд, волидонаш аз фараҳу шодӣ ба худ ҷои нишаст намеёфтанд. Бо вуҷуди дарду азобҳо ин духтараки лӯхтакмонанд аз кӯдакӣ ба мактаб рафта, мисли дигар ҳамсолонаш аз шириниҳои ҳаёт бебаҳра намонд ва билохира ҳамсафари ҳаётии худро низ пайдо намуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *