Арӯси Сураҷро кӣ дуздид?

Даричаи ошноӣ:

Ҳунарманди маъруфи Ҳиндустон Анас Рашид 31-августи соли 1980 дар Панҷоби Ҳиндустон, дар оилаи мусулмон ба дунё омадааст. Фарзанди калонии хонадон буда, ду хоҳар дорад. Анас мактаби миёнаро дар зодгоҳаш бо забони урду ба итмом расонида, баъдан ду сол дар курсҳои омӯзишии забонҳои хориҷӣ таҳсил  намудааст.

Донандаи хуби забонҳои форсӣ ва арабию русӣ бошад ҳам, муҳаббати бепоёнаш ба санъат билохира ӯро ба синамо овард. Анас ҳанӯз дар замони  мактабхонӣ дар маҳфилҳои ҳунарии мактаббачагон баромад карда, нақшҳои аҷоиби хотирмон меофарид. Устодонаш эҳсос мекарданд, ки  аз ин бачаи зебояку донояк ҳунарманди хуб мебарояд, вале худи Анас боварӣ надошт, ки бе “тағо” ва пушту паноҳ ба Болливуд роҳ ёфта мешавад, аз ҳамин хотир ҳуҷҷатҳояшро ба шуъбаи равоншиносии Донишгоҳи байналмилалӣ супорид.

Ширинтар аз асал

Симои ҷаззоб ва қаду басти зебои Анаси ҷавон духтарони донишгоҳро ба қавле “девона ” мекард. Одатан бачаҳо аз паси духтарҳо медаванд, вале худи зебосанамҳои донишгоҳ мисли сақич ба Анас часпида, мудом мисли соя аз қафои ӯ мегаштанд ва ба дили ин ҷавони хушрӯй роҳ ёфтанро меҷустанд. Анаси ба ин ҳама сӯхтану сохтанҳои дилбохтагонаш бепарво аз паси донишомӯзию корҳои худ овора буд. Бепарвоии ҷавон оташи шавқи духтарҳоро боз ҳам тезтар мекард ва мудом аз пасаш садо  мекарданд:

-Ҳой ширинтар аз асал, як бор ба сӯйи ғарибон нигар!

Анас ин гапҳоро шунида зери лаб табассум мекард, вале ба хонумҳои дилбохта эътибор надода гузашта мерафт.

Озмуни тақдирсоз

Анас дар курси 4-ум мехонд, ки озмуни “Марди сол” эълон шуд. Ҳадафи барпокунандагони озмун зеботарин чеҳраҳои мардона пайдо ва ба синамо ҷалб намудан буд. Нозанинҳои донишгоҳ, ки дилбохтаи Анас буданд, дарҳол номзадии ӯро ба ин озмун пешбарӣ намуданд. Озмун хеле пуршиддат гузашта, ниҳоят ғолибонро эълон карданд. Падару модари Анас дар байни ғолибон симои зебои писарашонро дида аз хурсандӣ гиря карданд. Вақте ки ровиён соҳиби шоҳҷоизаи озмуни “Марди сол” гаштани Анас Рашидро эълон намуданд, волидони хушбахт аз хурсандӣ ба худ ҷойи нишаст намеёфтанд. Озмуни “Марди сол” Анасро якбора чунон машҳур кард, ки бачаи бечора намедонист аз ин қадар мухлисони зиёд ба куҷо гурезад.

Духтарҳо дар кӯча ӯро таъқиб намуда, гоҳо барои соядасти зеботарин марди солро гирифтан чунон корҳое мекарданд, ки ба ақли солим рост намеомад. Ширкатҳои хурду бузурги кишвар бошанд бо мақсади маҳбубияти Анасро ба фоидаи худ истифода бурдан, ӯро барои рекламаи молу маҳсулоташон ба ҳамкорӣ даъват мекарданд. Ҷавон саргум зада намедонист аз байни ҳазорон пешниҳод кадомашро қабул кунад: рекламаи либосҳои мардона, барандагии шоу-барномаи нави телевизионӣ ё нақш бозидан дар синамо.

“Сӯзи ишқ”

Вақте коргардони машҳури киностудияи “Боливуд” Рахул Синг сенарияи филми навашро бо унвони «Свет твоей любви» ба Анас Рашид пешниҳод кард, ҷавони зирак дарёфт, ки аз байни тамоми пешниҳодҳои  то ин дам гирифтааш беҳтарини беҳтаринаш ана ҳамин силсилафилм аст ва корро кашол надода, ба шартнома имзо гузошт. Филми мазкур дар кишвари мо бо номи «Сӯзи ишқ» машҳур аст ва Анас дар он нақши Сураҷ Ратхиро мебозад. Сураҷ ҷавони одӣ ва савдогар аст, аниқтараш дар бозори Пушкар қаннодӣ мефурӯшад. Волидонаш духтари беҳтарини Пушкарро ба Сураҷ келин кардан мехоҳанд, вале ҷавони бетақдир дар рӯзи тӯяш аз хонаи арӯс дасти холӣ бармегардад, зеро арӯсшаванда бо ҷавони бесавод оиладор шудан нахоста роҳи халосиро дар фирор намудан мебинад. Сураҷи бетақдир ба тақдири бадаш тан дода, бухти дуюмашро интизор  мешавад ва дар байни 14-рӯз модараш келини нав меёбад, то дар байни мардум шарманда нашавад. Нисфи маҳалларо келин кофта, модари Сураҷ Сандияи нозанинро интихоб  мекунад, вале ин духтар низ дар сар орзуи дигар дорад ва мехоҳад офитсери полис шавад. Бародари Сандия бояд дар байни 14 рӯз хоҳарашро ба шавҳар дода, ҳамроҳи ҳамсараш ба Амрико равад, аз ҳамин хотир ба зиддият ва нолаю фарёди духтар аҳамият надода, ба тӯй тайёрӣ мебинад, вале…

Ҳодисаҳои филм чунон тезу тунд ва ҷаззоб сурат мегиранд, ки тамошобин чашмашро аз экрани телевизор канда наметавонад.

Сериал бо тиражи калон-20 миллион ба фурӯш рафта, кисаҳои продюсер ва коргардонро пури пулу номи Анас ва Дипикаро вирди забони мардум гардонд. Филм ба фестивали байналмилалӣ пешниҳод гашта дар он ғолиб омад ва офарандагони нақшҳои асосиаш беҳтарин актёрҳои сол эътироф гашта, соҳиби ҷоизаи тиллоӣ шуданд.

Аз ишқ то интиқом

Пас аз сериали “Сӯзи ишқ ” Анасро ба филми “Интиқом ” даъват намуданд. Дар ин филм вай нақши Ҷоҳид ном ҷавонеро мебозид, ки ба “Голливуд ” рафта дар он ҷо бо қотилони падару модараш рӯ ба рӯ  мешавад. Ҳодисаҳои филм даҳшатангез, вале бисёр ҷаззоб ҳастанд. Ҷоҳиди ташнаи интиқом ба Ҷулия ошиқ мешавад. Оини ҳиндуҳо инро қабул надорад, вале ҷавони ошиқ бо муборизаҳои зиёд билохира духтарро ба Панҷоб оварда ба занӣ мегирад. Ин  филм шуҳрати актёри ҷавонро дучанд гардонда, шумораи мухлисонашро боз ҳам зиёдтар кард. Акнун аз гӯшаю канорҳои гуногуни олам ҳаводорони ҳунараш танҳо барои як бор дидани Анас ба Ҳиндустон меомаданд. Журналистон як соли дароз аксҳои Анасро дар саҳифаҳои аввали рӯзномаю маҷаллаҳояшон чоп карда, аз ин ҳисоб пули калон кор карданд. Шабакаи “Star-Pius” бошад ҷоизаи «Nayi Соч Kirdaar»-ро ба Анас Рашид сазовор донист. Вақте ҷоизаро ба ҳунарманди ҷавон супурданд, табассум карда гуфт:

-Ман аз ҳунарам не, аз мухлисони бешуморам миннатдорам, ки бо муҳаббати поки самимонаашон маро ба чунин қуллаҳо расонданд!

Аз овоза то ҳақиқат

Анас Рашид бешубҳа талабгоронизиёд дорад, вале касе дақиқ гуфта наметавонад, ки дили ин ҷавони машҳур ба кадом париваш кашол аст.  Яке ҳадс мезанад, ки Анасу Рати Панде ошиқу маъшуқ ҳастанд, дигарӣ афсонаи нав бофта номи ин ҷавони зеборо боз бо ягон актриса ё модел пайвастан мехоҳад, вале худи ҳунарманд ягонтои ин овозаҳоро дар суҳбатҳояш бо журналистон тасдиқ накардааст.

 

-Ҳамаи зебосанамҳое, ки мардум маъшуқаи ман эълон кардаанд, дар асл танҳо

дӯстони ман ҳастанд. Моро ба ҷуз робитаи ҳунарӣ дигар чизе бо ҳамдигар намепайвандад. Магар ҳамкасб бо дӯсти наздик дар кӯчаҳо сайругашт намудан ё дар сари як миз нишаста як пиёла чой нӯшидан гуноҳ аст?-Мегӯяд Анаси аз ин ҳама сару садо безоршуда.

Вақтҳои охир ҳангоматалабон Анасро тез-тез бо модашери Болливуд Катрина Кайф мебинанд, вале овозаҳо дар бораи муҳаббати ин ду ҳунарманд то куҷо ҳақиқат доранд ва тӯйи арӯсиашон кай барпо мешавад, инро танҳо Худо медонаду худи Анас…

Рустам Азимӣ

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *