Арӯси замонавӣ — 2 Охирин хабар аз забони коргардон Набиҷон Пирматов
Субҳи имрӯз 12-уми июл муаллифи филми «Арӯси замонавӣ»- Набиҷон Пирматов бо продюсери филм Зулола Назриқулова ба идораи сомонаи «Tajikistantimes.tj» (pressa.tj) омаданд ва иттилоъ доданд, ки қисмати дуюми филм пурра омода гаштааст ва таърихи 23-24-уми июл дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба намоиш гузошта мешавад. Зимни ин ташриф Набиҷон Пирматов ба чанд саволи хабарнигори Tajikistantimes.tj посух дод.
Ӯ аз ҷумла гуфт:
— Вақти он расидааст, ки мо дар баробари сиёсати беҳамтои сулҳҷуёнаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон тавассути воситаҳои дигар, аз ҷумла варзиш ва киноофарӣ Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем. Асри 21 асри тараққиёт аст ва варзишу кино воситаҳои муҳими тарғиби давлат ва миллат мебошанд. Аксари мамолики оламро маҳз тавассути филмҳои сатҳашон баланд мешиносанд. Мо низ маҳз ба хотири муаррифии миллатамон ин филмро ба навор гирифтем.
Ба саволи дарёфти сарпарастон, ки ҳангоми сабти қисми аввали филм коргардон ва муаллиф рӯ ба рӯ омада буданд, ӯ гуфт:
— Хушбахтона, дар қисмати дуюм танҳо як муроҷиати мо кифоя буд, ки сарпарастон кумаки хешро дареғ надоранд. Медонед, ман фикр мекунам, ки агар рӯнамоии қисмати аввал дар сатҳи паст мегузашт, ягон сарпараст моро хуб истиқбол намегирифт. Қисмати аввали филм хеле машҳур гардид, аз ин ҷост, ки дар қисмати дуюм ширкатҳои бузурги сармоягузорӣ омода буданд, ки сарпарасти он шаванд. Муҳим ба боварии тамошобин даромадан аст, ки хушбахтона, мо ба ин ноил гардидем. Чун то имрӯз студияҳои фиттабарорӣ иқрор мешаванд, ки қисми аввали филм нағз ба фурӯш рафта истодааст, дар ҳоле ки аз рӯнамоии он қариб як сол гузашта бошад ҳам.
Бобати овозаҳои ба филми ӯзбекии «Келгинди келин»-и Ӯзбекфилм монанд будани «Арӯси замонавӣ» ӯ чунин гуфт:
— Ман ба ин ақида умуман розӣ шуда наметавонам. Ҳайронам, сомонаи «Озодагон» аз ҳаво навиштааст, ки ман гӯиё чанд субтитри «Клгинди келин»-ро дуздида бошам. Ин дурӯғи маҳз аст. Охир пеш аз «Келгинди келин» «Исёни арӯсон», филмҳои зиёди ҳиндӣ ба навор гирифта шуда буданд, ки дар бораи моҷароҳои келину хушдоман қисса мекунад. Аммо дар қиёс бо мо офарандагони ин филми ӯзбекӣ қисмати зиёди субтитрҳои филмро аз он ҷо гирифтаанд. «Арӯси замонавӣ» бошад, пурра аз ҳаёти худи ман аст. Танҳо фарқ дар он аст, ки ман ҳамсари асосиямро худам хостгорӣ карда, ба занӣ гирифтам, аммо дар филм бошад, «ҳамсарам» думболи маро гирифта, ба деҳа меояд. Аслан агар гирем, чи дар кино, чи дар адабиёт монандиҳо, таворуд зиёданд, аммо ин маънои онро надорад, ки касе идеяи каси дигарро дуздидааст. Ман фикр мекунам, ки сабаби ба миён омадани чунин фикрҳои ғалат дар он аст, ки наворбардори мо Умид Нормуратов бисёре аз филмҳои ӯзбекӣ, аз ҷумла ҳамин «Келгинди келин»-ро наворбардорӣ намудааст.
Дар охир Набиҷон гуфт, ки қисмати дуюми филм кулан ба талаботи кинемотографияи ҷаҳонӣ ҷавобгӯй буда, на аз ҷиҳати сенария, на аз ҷиҳати сифати наворбардорӣ ва на аз ҷиҳати интихоби ҳунармандон камбудӣ надорад.
— Идораи «Tajikistantimes.tj» якҷо бо ҳафтаномаи «Оила» рӯзи душанбе, 19-уми июл аз соати 9:00 то 11:00 дар ошёнаи 11 Кохи матбуот (ГЖК) суҳбати мустақими қаҳрамонони асосии «Арӯси замонавӣ-2» Набиҷон Пирматов ва Сабрина Шаймардоноваро баргузор мекунад. Шумо метавонед аз наздик бо онҳо суҳбат кунед ва ба саволҳои худ посух гиред. Ҳамчунин, ба маълумоти ҳаводорони филми «Арӯси замонавӣ — 2» мерасонем, ки рӯзҳои 23-24-уми июл дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон» ба номи Акашариф Ҷӯраев намоиши филми мазкур баргузор мегардад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ