Арӯсон, ба ҷои фата либоси миллӣ пӯшед!

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон авлотар донистааст, ки арӯсони тоҷик ба ҷои “фата” либоси миллӣ пӯшанд.

Шӯрои уламо дар посух ба суоли як корбараш, ки фатво дар бораи пӯшидани “фата”-ро дархост кардааст, изҳор доштааст, ки “мо мусулмонон бояд кӯр-кӯрона ба бегонагон тақлид накунем. Дини мубини ислом барои тамоми ҳолатҳо ҳаёю иффату покдоманиро тавсия медиҳад. Ҳамзамон Ҷаноби Олӣ Пешвои миллат борҳо таъкид кардаанд, ки миллати тоҷик худ либоси миллӣ дорад, хуб мешавад, ки тақлид ба гузаштагонамон кунем”.

Дар баробари ин Шӯрои уламо таъкид намудааст, ки зан ба сабаби пӯшидани «фата» талоқ намешавад

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *