Арӯсро дидаму ҳуш аз сарам парид

Ман ҷавони 24 сола, аз вилояти Хатлон. Дар шаҳр, дар коллеҷи рассомӣ мехонам. Падару модарам маро хонадор карданиянд. Ду моҳ пас бояд тӯйи домодиам барпо шавад, вале…

Модарам аз аввал таъкид карда буд, ки “дили ягон духтари шаҳриро пур карда, туро ба занӣ мегирам” нагӯй, мо келинро худамон аз ҳамин деҳа интихоб мекунем, барои ҳамин ҳавасам биёяд ҳам, ба ягон зебосанам гап намепартофтам. Гумон доштам, ки волидонам барои ман ягон арӯси хушрӯй меёбанд, вале вақте номи духтари таги чашм кардаашонро шунидам, ҳуш аз сарам парид. “Наход аз байни садҳо духтари зебои деҳаамон шумо ҳамон Насибаро интихоб карда бошед, охир ману вай якҷоя ба кӯча бароем, мардум моро очаю бача хаёл мекунанд. Арӯси ёфтаатон аз ҳад зиёд фарбеҳ аст, ман ӯро намегирам”,- гуфта телефонро хомӯш кардам.  Бегоҳ падарам занг зада, чунон маро дашному ҳақорат дод, ки Насиба он тараф истад, аҷузкампирро диҳанд ҳам, тайёр будам, ки лому мим нагуфта бигирам, то аз ҷанҷолу ғавғо халос шавам. “Ман розӣ, чӣ коре, ки мехоҳед, кардан гиред” гуфтаму телефонро хомӯш кардам.

Баъди супоридани имтиҳонҳоямон ба Кӯлоб ба хонаамон рафтам. Модарам рӯзи дигар маро ба боғи дар маркази ноҳия буда бурд ва ба модари Насиба занг зад, ки зудтар духтарашро орову торо дода биёрад, то домоду арӯс аз наздик шинос шаванд. Ман Насибаро ҳангоми мактабхониямон дида будам. Фарбеҳ буд, вале на ба он дараҷае, ки дар боғ дидам. Вақте дасташро дароз карда бо ман салом кард, дасти ман дар байни панҷаи арӯс гум шуд.  Дастонаш чунон калон-калонанд, ки хаёл мекунӣ духтар не, ягон човандоз бошад. Қадаш паст, шикамаш дамида, миён доштан ё надоштанаш умуман маълум нест, хулоса, як кундаи азимро мемонад арӯси таги чашм кардаи волидонам. Вай ақаллан ба қадри як донаи арзан ба ман хуш наомад, вале намедонам чӣ тавр инро ба падару модарам фаҳмонам. Падарам бисёр марди бадҷаҳл аст, агар фотиҳаро гардонед гӯям, яқин маро зада мекушад.  Аз тарафи дигар хомӯш монда ҳам наметавонам, чунки зиндагӣ савдои умр аст. Магар мешавад як умр бо зане сар ба болин ниҳод, ки як зарра ҳам дӯсташ намедорӣ ва ғашатро меорад?

Хонандагони азиз, илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?

Умед, ш. Кӯлоб.   

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

9 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *