Арӯсшавандаро ба худкушӣ расонд

Чанде пеш дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ арӯсшаванда — зани 31-солае даст ба худкушӣ зад.
Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 28-солаи сокини ноҳияи Ҳамадониро, ки қаблан бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷинояти Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар ҷинояти ба худкушӣ расонидан дастгир намуданд.
Гумонбаршуда, 10-уми декабри соли 2016, бо арӯсшавандааш ҷангу муноқиша намуда, шаъну шарафи ӯро паст мезанад.
Дар натиҷа, тахминан соати 1100 дақиқаи ҳамон рӯз арӯсшаванда дар ҳавлии истиқоматиашон худро бо роҳи доркашӣ ба ҳалокат мерасонад.
Нисбати марди гумонбаршуда бо дастрасии моддаи 109 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Э. НАЗАРИЁН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *