Арақи қирғизӣ ду касро кушту 10 касро заҳролуд кард

Ҳодиса дар вилояти Намангон рух дода, сабаби заҳролудшавии 12 нафар шудааст. Арақ бо тамғаи Русия аз Ҷумҳурии Қирғизистон ворид шуда будааст.

Прокуратураи ҳамсоякишвар иттилоъ додааст,ки 12 сокини ноҳияи Тӯрақурғанди вилояти Намангон бо нишонаҳои шадиди заҳролудшавӣ ба беморхона интиқол ёфтанд.
Мутаасифона, духтурон натавонистаанд ду тан аз заҳролудшудаҳоро наҷот диҳанд.
Феълан прокуратура дар робита ба заҳролудшавии оммавӣ аз машрубот парвандаи ҷиноятӣ оғоз намудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *