Арабҳо ба Тоҷикистон меоянд

Аз 5 то 9 майи соли 2018 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баргузор мегардад.
Аҳли фарҳангу ҳунари Шоҳигарии Арабистони Саудӣ барномаҳои ҷолибу рангини ҳунарӣ, намоишҳои ҳунарҳои мардумӣ, либосҳои миллӣ, санъати наққошӣ, хаттотӣ ва аккосӣ, ғизоҳои миллии арабӣ ва филмҳои синамогарони хешро пешниҳоди тамошобинони тоҷик мегардонанд.
5 майи соли 2018, соати 16:00 дар толори Театри давлатии академии драмавии ба номи С. Айнӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва либосҳои миллӣ, санъати наққошӣ, хаттотӣ ва аккосӣ шурӯъ гардида, то анҷоми чорабиниҳо, яъне то 8 май идома меёбад.
Ифтитоҳи расмии Рӯзҳои фарҳанги Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шоми 5 майи соли 2018 соати 17:00 дар толори театри мазкур сурат мегирад. Инчунин, дар доираи Рӯзҳои фарҳанг сафари меҳмонон ва баргузории барномаҳои ҳунарӣ дар шаҳрҳои Бохтар, Ҳисор ва ноҳияи Варзоб дар назар аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *