Арабистони Саудӣ ба 600 ятими тоҷик ҳар моҳ $100 медиҳад. Ин пулро кӣ мегирад?

Арабистони Саудӣ барои 600 ятими тоҷик ҳар моҳе 600 доллари амрикоӣ кумаки молӣ мерасонад. Ҳаҷми умумии тарҳ $811,996 буда, давоми як сол 600 ятим дар минтақаҳои Бохтару Кӯлоб ва ВМКБ 100 — долларӣ ёрмандӣ хоҳанд гирифт. Ин кумакҳоро дар доираи як созишномаи тарафайн Маркази имдод ва ёриҳои башардӯстонаи шоҳ Салмон мерасонад. 

Ин тарҳро дар Тоҷикистон Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон пиёда мекунад. Сафири Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Валид бин Абдурраҳмон ар-Рушайдон дар маросими имзои ин созишнома гуфт, ки лоиҳаи нав марҳилаи дувуми тарҳ буда, аз ин пештар ба 500 ятим ҳар моҳ 100 доллари амрикоӣ расонидани ёриҳоро оғоз кардаанд ва кунун бо илова шудани 600 ятими дигар, шумораи умумии гирандагони ин ёриҳо ба 1100 ятим расид.

Баҳодур Қурбониён, Дабири кулли Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон гуфт, ки пулҳоро ба кӯдакони ятим тавассути кушодани корти бонкӣ мерасонанд.

Ба гуфтаи Қурбониён, онҳо ятимонеро, ки ин ёриҳоро мегиранд, дар асоси пешниҳоди ҳукуматҳои маҳаллӣ, ки аз сӯйи комиссияҳои босалоҳият баргузида шудаанд, интихоб мекунанд ва баъдан рӯйхати пешниҳодии ҳукуматҳои маҳаллиро бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дигарбора месанҷанд.

Ҳоло, гуфта мешавад, дар доираи ин тарҳ ба 600 кӯдаки ятими шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Восеъ, Норак, Хуросон, Бохтар, Кӯшониён, Вахш, Леваканд, Ёвон, А. Ҷомӣ, Ҷ. Балхӣ, Ҷайҳун, Дӯстӣ, Қубодиён, Шаҳритус, Панҷи вилояти Хатлон ва 100 нафар кӯдаки ятими шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Шуғнони ВМКБ ин ёриҳо расонида мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *