Арабистони Саудӣ: Касе гирифторӣ ба коронавирусро пинҳон кунад, $133 ҳазор ҷарима мешавад
Арабистони Саудӣ эълон кард, ҳар кас гирифтор будан ба вируси коронаро пинҳон кунад, 500 ҳазор риёли саудӣ, баробар бо 133 ҳазор доллар ҷарима хоҳад шуд. Ин ҷарима ҳамчунин шомили касоне мешавад, ки дар бозгашт аз сафар ба хориҷ, аз додани маълумоти дуруст дар бораи кишварҳое, ки онҷо ҳузур доштаанд, худдорӣ мекунанд.
Арабистони Саудӣ ахиран шаҳри Қатифро, ки 15 нафар дар он ба корона мубтало шудаанд, карантин кард ва бисёре аз касоне, ки дар ин шаҳр ба ин беморӣ гирифтор шудаанд, сафарашон ба Эронро пинҳон карда буданд.
Арабистони Саудӣ сафари шаҳрвандонаш ба 15 кишварро мамнӯъ кардааст, ки дар миёни онҳо кишварҳои арабии ҳамсоя, Фаронса, Олмон, Туркия ва Испания ба чашм мехӯрад. Ба хусус онҳое, ки ба Эрон сафар мекунанд, таҳдид шудаанд, ки ҳабс ё ҷарима мешаванд.
Арабистони Саудӣ мегӯяд, бисёре аз касоне, ки вируси коронаро ба Арабистони Саудӣ овардаанд, ба Эрон ва Ироқ сафар карда ва аз тариқи дигар кишварҳои Халиҷи Форс ба кишвар баргашта буданд.
Бояд гуфт, ки шаҳри Қатиф аз муҳимтарин минтақаҳои шианишини Арабистони Саудӣ аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ