Арабистони Саудӣ шаҳрвандии Ҳамза ибни Лодинро бекор кард
Арабистони Саудӣ шаҳрвандии писари Усома бин Лодин, бекор карданд.
Қарори Вазорати умури дохилии Арабистони Саудӣ дар ин замина рӯзи ҷумъа дар нашрияи расмии он кишвар чоп шудааст. Падари Ҳамза ибни Лодин соли 2011 дар натиҷаи як амалиёти хадамоти махсуси Амрико дар Покистон кушта шуд.
Департаменти давлатии ИМА рӯзи панҷшанбе гуфт, Вашингтон барои маълумот дар бораи маҳалли будубоши писари раҳбари пешини «ал-Қоида» то 1 миллион доллар мукофот хоҳад дод. Амрико Ҳамза ибни Лодинро яке аз раҳбарони асосии гуруҳи мазкур медонад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ