Қарахон Чиллазода: «Барои азоб надодани соҳибкорон мо санҷишро кам намудем!»
Бо гузаронидани 136 санҷишҳои аудиторӣ зарари молиявӣ ба маблағи 272,3 млн. сомонӣ муайян карда шуд, ки 116,1 милиони он ба муассисаю ташкилотҳо барқарор карда шуд- иброз намуд Қарахон Чиллазода Раиси палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ.
Номбурда иброз намуд, ки тибқи нақшаи кории ниҳоди мазкур 188 ташкилоту муасиссаҳои 9 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурро аз санҷиши маҷмӯи ташаккул ва иҷроиши буҷетҳои маҳаллӣ гузаронда шуд, ки дар натиҷа 8,2 млн сомонӣ зарари молиявӣ ошкор кардид. Чиллазода сабаби кам гардидани санҷишҳои молиявиро шарҳ дода гуфт, ки бо сабаби маратория эълон гардидан ва дастгирии ташкилоту муассисаҳо шумури санҷишҳо коҳиш ёфтааст.
Ҳамчунин дар нишаст зикр гардид, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ танҳо бонки “Тоҷпромбонк” аз санҷиши молиявӣ гузаштааст ва тафтиши он ҳанӯз хотима наёфтааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ