Ҳаракат дар шоҳроҳ манъ  шуд

IRS – ширкати масъули нигоҳубини шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ хабар дод, ки шаби 9 ба 10 декабр ба сабаби боришоти беист ва шадиди барф ва ба вуҷуд омадани тамбашавӣ ҳаракати тамоми намуди нақлиёт тавассути ин шоҳроҳ муваққатан барои ду соат боздошта шуд. Баъди ду соат ба равуои нақлиёт иҷозат доданд, вале ба истиснои фураҳо ва мошинҳои притсепдор. ШоҳроҳиДушанбе – Хуҷанд – Чаноқ ягона роҳи мошингардест, ки шимоли Тоҷикистонро бо дигар минтақаҳои ин кишвар, аз ҷумла бо марказаш пайваст мекунад.

Ширкати IRS шаби 9 декабр бо нашри як иттилоияи расмӣ аз манъи ҳаракати тамоми намуди нақлиёт тавассути шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ хабар дод.

Дар ин иттилоия чунин гуфта мешавад:

Ронандагону мусофирони гиромӣ!

Бинобар шадид ва беист будани боришоти барф, мавҷудияти тамбашавӣ, ки ба бетафовутии як идда ронандагон рабт дорад, ҳаракати тамоми намуди воситаҳои нақлиёт тариқи Душанбе-Чаноқ муваққатан боздошта шуд.
Айни замон коркарди роҳ
бо маводи зиддилагжиш, тоза намудани роҳ аз барф ва аз байн бурдани тамбашавӣ идома дошта, доир ба ин масъала иловатан маълумот пешниҳод мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *