Ҳаракати автобусҳо дар масири Ашт-Қӯқанд
Рӯзи 19 октябр байни шаҳри Қӯқанди Ӯзбекистон ва шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашти Тоҷикистон равуои автобус ба роҳ монда шуд. Дар ин бора хабаргузориҳои Ӯзбекистон бо такя ба вазорати нақлиёти он кишвар иттилоъ доданд.
Ин масир 84,5 километр тӯл дошта, автобусҳои навъи Isuzu ва микроавтобусҳо дар он мусофиркашонӣ мекунанд. Арзиши билети масири мазкур 2,5 доллар ё наздики 25 сомонӣ аст.
Пештар аз ин миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон равуои чанд автобус ба роҳ монда шуда буд. «Хуҷанд-Тошканд», «Хуҷанд-Фарғона», «Душанбе-Термиз», «Душанбе-Деҳнав», «Душанбе-Самарқанд» аз ҷумлаи онҳо буданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ