Ҳаракати автобусҳо миёни ду шаҳри Ӯзбекистону Қирғизистон
Миёни шаҳрҳои Қизил-Кияи Қирғизистон ва Фарғонаи Ӯзбекистон автобусҳои мусофирбар ба ҳаракат даромаданд. Дар ин бора Идораи нақлиёти вилояти Бодканди Қирғизистон иттилоъ дод.
Мусофирони нахустини масири нав ройгон интиқол дода шуданд ва минбаъд роҳкиро барои як нафар 65 ҳазор сом (ҳудуди 1 доллар) муайян шудааст. Автобусҳо соатҳои 09:00, 10:00, 14:00 ва 15:00 аз Қизил-Кия ба Фарғона ҳаракат хоҳанд кард.
Пештар, 25 сентябр низ миёни шаҳрҳои Андиҷони Ӯзбекистон ва Ӯши Қирғизистон ҳаракати автобусҳои мусофирбар ба роҳ монда шуд. Роҳкиро 100 сом (ҳудуди 1,5 доллар) муайян гаштааст.
Равуои автобусҳои мусофирбар миёни шаҳрҳои Қирғизистону Ӯзбекистон соли 2005, пас аз ҳаводиси шаҳри Андиҷон қатъ шуда буданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ