Ҳаракати автобусҳо миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

Баъд аз ду ҳафта бештаре аз алоқамандони сафар аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон метавонанд тавассути автобусҳо ба ин кишвари ҳамсоя сафар кунанд. Ба иттилои мақомоти Тоҷикистон, ҳамарӯза беш аз 10 ҳазор шаҳрванди ин кишвар ба шаҳрҳои мухталифи Ӯзбекистон сафар мекунанд.

Ҳаракати автобусҳо миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон аз 15-уми май шурӯъ мешавад. Дар ин бора мудири ширкати «Азия Экспресс» Султон Камолов хабар дод. Ба гуфтаи вай, ҷониби Тоҷикистон барои азсаргирии ҳаракати автобусҳо комилан омода аст, вале интизори марҳилаи охирини музокирот бо ҷониби Ӯзбекистон мебошад. Вай гуфт, дар мулоқот бо ҷониби Ӯзбекистон бояд нархи сафар тавассути автобусҳо муайян карда шавад ва дар марҳилаи аввал ҳаракати автобусҳо миёни шаҳрҳои Хуҷанд-Тошканд ва Панҷакент-Самарқанд оғоз меёбад ва сипас, ҳаракати автобусҳо миёни шаҳрҳои дигари ду кишвар низ шурӯъ мешавад.

Дар ҳамин ҳол Шералӣ Ганҷалзода, муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон дар шарҳи ин мавзӯъ гуфт, мутахассисони ду кишвар масирҳои ҳаракати автобусҳоро баррасӣ карда, «баъзе аз мушкилоти дар ин роҳҳоро таъкид карданд». Ба гуфтаи ҷаноби Ганҷалзода, роҳҳои мошингарди ду кишвар барои ҳаракати автобусҳо мувофиқанд, аммо дар баъзе аз минтақаҳо насби лавҳаҳои иттилоотии изофӣ зарур аст.

Қаблан мақомоти ду кишвар дар бораи ҳаракати автобусҳо миёни шаҳрҳои Душанбе-Тирмиз, Бохтар-Деҳнав, аз Панҷакенти Тоҷикистон ба шаҳрҳои Самарқанду Бухоро, аз Хуҷанд ба Тошканд ва аз Конибодом ба шаҳрҳои водии Фарғонаи Ӯзбекистон тавофуқ карда буданд. Аз ҷониби Тоҷикистон ширкати «Азия Экспресс» масъули интиқоли мусофирон шуда, ин ширкат бад ин манзур аз Ӯзбекистон чанд адад автобусҳои нав харидорӣ кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *