Ҳаракати микроавтобусҳо дар хатсайри 28 қатъ карда шуд
Шаҳрдори Душанбе ҳаракати микроавтобусҳо дар хатсайри 28, яке аз хатсайрҳои сермуштарӣ дар пойтахтро қатъ кард. Якбора қатъ шудани ҳаракатҳои микроавтобусҳо дар ин хатсайр, даҳҳо сокини пойтахтро сарсон кардааст.
Қурбон Холов, як масъули “Душанбенақлиётхадамотрасон”, ниҳоди танзимкунандаи бахши нақлиёт дар Душанбе гуфтааст, минбаъд микроавтобусҳо ҳаққи фаъолият дар хатсайри 28-ро надорад. Ба қавли ҷаноби Холов, бар ивази микроавтобусҳо дар хатсарйи 28 ҳудуди 30 автобусро сафар кардаанд.
Ин дар ҳолест, ки қаблан дар ин хатсайр бештар аз 120 адад микроавтобус ё “старекс”-ҳо фаъолият мекарданд. Бо қатъи фаъолияти ин хатсайр, ҳамакнун ин ронандагон аз кори худ маҳрум шуданд. Шаҳрдорӣ мегӯяд, талош мекунад онҳоро дар дигар ҷой бо кор таъмин кунад.
Қатъи фаъолияти микроавтобусҳо дар хатсайри 28 яке аз талошҳои минбаъдаи шаҳрдорӣ барои берун кардани микроавтобусҳо аз Душанбе мебошад. Шаҳрдори Душанбе талош дорад то дар аксари хатсайрҳои пойтахт автобусҳоро ҷорӣ кунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ