Арифметикаи одӣ, аз болоравии нархи картошка хурсандам
Картошка қимат шуд, ман хурсанд! Пиёз қимат шуд, боз бештар хурсанд шудам. Гумон мекунед, ки ман деҳқони сабзавоткораму аз ин нархҳо қабат-қабат гӯшт мегирам? Хато мекунед, ман як моҳонахӯри шаҳриям ва рӯзҳои истироҳат бозор ба бозор маҳсулоти арзон мекобам, вале аз нархи имрӯзаи маҳсулоти кишоварзӣ хурсандам.Чаро? Барои он,ки ниҳоят ҷунбид, яъне деҳқон барои маҳсулоти худ нархи арзанда пайдо кард. Ман иқтисодчӣ нестам, вале биёед як таҳлил кунем…
Соле, ки вазири кишоварзӣ аз истеҳсоли 1 миллион тонна картошка тантанавор “рапорт” дода буд, нарзи як кило картошка дар зимистон 3-4 сомонӣ шуд ва ин мардумро ба воҳима афканд. Аммо имсол дар тобистон рекорди пешинаи нархро ин намуди маҳсулот пушти сар кард ва тавре ки коршиносон мегӯянд, ин ҳадди ниҳоӣ нест ва интизор бояд шуд ки дар зимистон ин нархҳо боз меафзоянд. Сабаби онро ҳар кї ҳар хел шарҳ медиҳад. Раиси бозори “Деҳқон” мегўяд, ки нооромиҳои Қундузи Афғонистон сабабгори баланд шудани нархи картошка гардид, Гулнора Ҳасанзода, раиси Агентии омор мегўяд,ки замини кишти картошка 23 фоиз дар худи Тоҷикистон коҳиш ёфтааст. Ӯ мегӯяд,ки аз 836 ҳазору 916 гектар замини киштшуда ҳамагӣ 30 ҳазору 375 ,(4,8 фоиз)-ро замини картошка ташкил медиҳад.Ин ҳам яке аз сабабҳои болоравии нархи картошка аст.
“Шахсан Раёсати “Тоҷикматлубот” ё раиси шаҳри Душанбе нархи картошкаро аз 3 сомонию 50 дирам боло накардааст. Тиҷорат озод аст. Деҳқонро низ ба назар гирифтан даркор. Аз ҷониби дигар, қурби асъорро бинед, ки дар гузашта чӣ қадар буд ва имрӯз то куҷо расидааст. Нархи сузишворӣ ҳам гарон шуд, доруҳои менералӣ харидан лозим…” мегӯяд раиси “Тоҷикматлубот”Ҳусейн Идиев.
Ин ақидаро вазири кишоварзии Тоҷикистон Иззатулло Сатторӣ ҳам ҷонибдор аст ва ӯ мегӯяд:” Вақте маҳсулот арзон мешаваду деҳқон зарар мебинад, касе ин масъаларо ба миён намегузорад. Намегӯем, чаро меваҷоту полезӣ, тарбузу харбуза нисбати ҳамин давраи соли гузашта арзон аст, деҳқон зарар мебинад. Аммо дар мавриди картошка мегӯем. Сабаби асосии баланд шудани нархи картошка дар он аст, ки деҳқон имрӯз, маҳсулоти худро аз арзиши аслии маҳсулот баландтар мефурӯшад.” Мо илова мекунем: хуб ҳам мекунад. Зеро меҳнат бояд подоши арзанда дошта бошад.
Дар рӯ ба рӯи хабарнигорон Иззатуло Сатторӣ боз як андешаи худро баён намуд, ки ба ман хеле маъқул шуд. Ӯ гуфт,ки даврае, ки сабзӣ 20 дираму картошка 50-60 дирам буд ва деҳқон зарар медид, гузашт. Ҳақ ба ҷониби ӯст ва мо бояд ба ин одат кунем. Чаро нархи телефону барқ, тайёра қимат мешавад, онро қабул дорему вақте.ки нархи маҳсулоти бо дастони худ истеҳсонамудаи касе баланд мешавад, фарёд мекашем, ки “ бинед, нарх осмонӣ шуд”? Нарх осмонӣ нест, заминӣ аст ва агар меҳнату доруи минериалӣ ва ҳаққи замину боз андоз ва чизҳои дигарро ба болои маҳсулоти деҳқон гузорем, ҳайрон мешаваем, ки чаро то имрӯз ин деҳқон дар қатори гастарбайтерҳо барои худ ҷой накофтааст. Акнун тавре дар боло гуфтем, “ароба аз ҷояш ҷунбид” яъне дигар деҳқон бо нархи паст маҳсулоти бо қимати баланд истеҳсолнамудаашро ба мо намефурӯшад. Минбаъд марзҳо бо кишварҳои ҳамсоя торафт бештар боз мешаванд ва шояд меваҳои таърифии мо дар бозорҳои Самарқанду Бухоро ва Қаршию Тошканд ҷои қонунии худро мегиранд ва мо дигар себи дусомониро ҳам нахоҳем ёфт. Ин талаботи иќтисоди бозаргонист, ки дар орзӯяш будем.
Аммо нархи тарбузу харбузаро дида, рости гап, андаке ба харидорони соли ояндаи ин маҳсулот дилам сӯхт. Чаро маҳз ба харидорони соли оянда? Барои он.ки имсол нархи ин маҳсулот “ба замин зад” Деҳқони мо одат кардааст ки агар як сол маҳсулоти киштааш бозоргир нашавад, соли дигар ҳамонро намекорад ва ин одат ба аксари деҳқонон тааллуқ дорад. Яъне, дар он сол танҳо касоне бурд мекунанд, ки дубора маҳсулоти камарзишро кишт кунанд ва нархаш ҳам аз сабаби камчинӣ меафзояд.
Инак, дар баробари нархи картошка ќимати сабзию пиёз ва боз чанд чизи дигар ҳам боло рафт,ки ин ҳам як нишондиҳандаи ба қадри меҳнати худ расидани деҳқон аст. Хоҳ нохоҳ мо кишвари аграрӣ ҳастем ва иқтисодиётамон асосан дар пояи ҳамин соҳа меистад. Пас, агар деҳқон ба ивази меҳнаташ подоши хуб гирад, бо дили гарм ба замин мечаспад ва ин омил боз чандин мушкилоти дигарро ҳал мекунад. Сафи мардикорони кӯчарўби мо дар Русия кам мешавад, заминҳои бекорхобида дубора ба кор медароянд, шўразадаҳоро ҳам киштбоб мекунанд ва ба ҷои юнучқаи камфоида, караму картошкаи “серпул” мекоранд. Хулоса, пешравии воқеӣ дар соҳаи кишоварзии дар ҳолати рукудбуда ба амал хоҳад омад. Ин ҷо боз ду “вале” ҳаст, ки роҳи ҳалли худро мекобад. “Вале”-и аввала, ин зери шубҳа қарор гирифтани он чиз, ки оё нархи гарони картошкаю пиёз ва фоидаи он ба дасти деҳқон мерасад ва ё аз ин танҳо миёнаравҳо фоида мебинанд? Ба гуфти як дўсти картошкакорам аз Лучоби Варзоб, имсол ӯ ду тонна картошкаи истеҳсол намуд, ки аз сари заминаш бо нархи 4, 5 то 2 сомонӣ (аз ҳама майдатаринҳояш) ба фурӯш рафтанд. Яъне, ӯ ҳатто онҳоро ба бозор ҳам набаровард. Агар дар деҳот ассотсиатсияҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ дар рӯ ба рӯи миёнаравҳо истодагарӣ кунанд ва деҳқонон худашон бо нархи дилхоҳ бо маслиҳат ба онҳо маҳсулот фуршанд , албатта фоидаи асосӣ бевосита ба худи деҳқон мерасад. “Вале” –и дуюм ин аст, ки мо шаҳриҳои моҳонахӯр чї кор кунем? Охир ҳамаамон ба дасти деҳқони имрӯз “гаронфурӯш” менигарему киссаи харобакамонро ӯ боз ҳам харобтар карданист? Ана дар ҳамин вақт мавқеи Ҳукумат дар зиндагии мо бояд ба ҷои аввал барояд. Яъне, моҳонаро баланд кунаду қобилияти харидории моро боло барад. “Аз кадом ҳисоб? “ бо ҷаҳл мепурсад чиновники идоранишине, ки ба зиёд гардидани маошу нафақаи мардум масъул шудааст. “Аз ҳисоби зиёд шудани истеҳсоли маҳсулот ва фоидаи зиёд ба даст овардану ба буҷа маблағи бештар ворид намудани ана ҳамон деҳқон…” ҷавоб медиҳем мо. Ин арифметикаи одист, ки ҳар чӣ қадар истеҳсолот зиёд шавад, даромад ба буҷа беҳтар мегардад ва ҳамон қадар ба фоидаи мардум хоҳад шуд. Ана дидед, ќиссаи баланд шудани як кило картошка то куҷоҳо мебарад…
А.АҲМАДЗОДА,
“ТОҶИКИСТОН”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ