Ҷарима барои аккос задани саг
Мири шаҳри Фекер дар қисмати шимолии Фаронса ба сагҳои ин мавзеъ бо садои баланд аккос заданро манъ кардааст. Ҳар нафаре, ки дар хонааш саг дорад, мабодо сагаш баланд аккос занад, барои риоя накардани қонуни мазкур ба андозаи 68 евро ҷарима хоҳад супорид. Тавре мири ин шаҳр Жан-Пер гуфтааст, сабаби чунин тасмим гирифтанашон дар он аст, ки баъзе сагҳо қариб пайваста аккос зада, оромии ҳамсояҳоро халалдор месозанд. Ҳомиёни ҳуқуқи ҷонварон аз ин тасмими раиси шаҳр ба ғазаб омада, ба суд аризаи даъвогӣ ирсол намудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ