Ҷарима барои монеа ба Пешвои миллат

Ҳукумати Тоҷикистон ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тағйиру иловаҳо пешниҳод кардааст, ки бар асоси он барои иҷро накардани талаботи қонунии Пешвои миллат ҷарима пешбинӣ шудааст. 

Тибқи ин тағйирот ҳаҷми ҷарима барои шахсони инфиродӣ аз 20 то 40 нишондиҳанда ва барои мансабдорон аз 80 то 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳоро ташкил хоҳад дод. Инчунин афроде, ки барои иҷрои вазифаю ваколатҳои Пешво монеа эҷод мекунанд, ба ҳамин миқдор ҷаримабандӣ мешаванд.

Ҳаҷми ҷаримаҳо то оғози соли нав, ки як нишондиҳанда ба 40 сомонӣ баробар хоҳад буд, аз 800 то 4 ҳазор сомонӣ ва аз оғози соли оянда, ки ҳаҷми нишондиҳанда ба 50 сомонӣ баробар мешавад, аз 1000 сомонӣ то 5 ҳазор сомониро ташкил хоҳад дод.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *