Ҷаримаи 77 нафар дар Суғд
Бино ба иттилои БДА-ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳангоми гузаронидани рейди муштарак тӯли як соат дар мавзеи бозорҳои Сомон ва Атуш 77 нафарро ҷаримабандӣ кардаанд. Нафарони ҷаримабандишуда пиёдагузароне буданд, ки қоидаҳои бехатарӣ дар роҳро риоя накардаанд. Кормандони БДА-и ноҳияи мазкур аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки бо вуҷуди он ки тӯли соли гузашта байни ин ду бозор роҳи зеризаминӣ сохта ба истифода дода шуд, аммо шаҳрвандон аксаран роҳро на ин ки тариқи роҳи зеризаминӣ, балки аз болои он убур мекунанд.
Нозирони роҳ мегӯянд, ки ин самти роҳи «Хуҷанд-Ғафуров» танзим мехоҳад, аммо бо вуҷуди андешидани тадбирҳои мушаххас натавониста истодаанд то маданияти гузаштан бо роҳи зеризаминиро ба мардум талқин кунанд. Дигар ин ки аксар ҳодисаҳои нохуш ва садамаҳо, ки бо иштироки пиёдагардон рух медиҳад маҳз аз беэҳтиётии пиёдагардон ба амал меояд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ