Ҷаримаи бо телефон сӯҳбат кардан ҳангоми ронандагӣ, боло бурда шуд
Дар Ӯзбекистон ҷаримаи бо телефон суҳбат кардан ҳангоми мошинронӣ, бештар шуд. Дар ин бора вазорати адлияти он кишвар тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод.
Акнун ҷарима барои бо телефон суҳбат кардан ҳангоми мошинронӣ се нишондод барои ҳисобҳоро ташкил медиҳад. Пештар ин ҷарима ду нишондод буд.
Ба ҷуз ин, барои такроран анҷом додани ин амал ронанда мумкин аст, аз ҳаққи рондани мошин барои шаш моҳ маҳрум шавад.
Бино бар иттилои мақомоти назорати роҳҳои шаҳри Тошканди Ӯзбекистон, дар ин шаҳр аз моҳи сентябр то нимаи моҳи октябри соли ҷорӣ дурбинҳои назоратӣ 45 ҳазор ҳолати бо телефон суҳбат кардани ронандагонро сабт кардаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ