Ҷаримаи сангин барои кори маҷбурӣ дар Ӯзбекистон
Сенати Ӯзбекистон тағйирот ба Кодекси ҷавобгарии маъмуриро қабул кард. Бар асоси ин тағйирот, ҷарима барои меҳнати маҷбурӣ боло бурда шуд.
Пештар аз ин Кодекси ҷавобгарии маъмурии Ӯзбекистон ҷарима барои кори иҷбориро аз 1 то 3 нишондиҳандаи маоши ҳадди ақал муқаррар карда буд. Акнун ин нишондиҳанда аз 10 то 30 маоши ҳадди ақал муқаррар шуд.
Барои такроран содир кардани ин қонуншиканӣ аз 30 то 100 нишондиҳанда ҷарима пешбинӣ шудааст.
Маҷбур кардани ноболиғон ба меҳнати иҷборӣ, бар асоси тағйироти нав, аз 30 то 50 маоши ҳадди ақал ҷарима дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ