Арманиҳо хонаҳояшонро оташ зада, ба ихтиёри озариҳо месупоранд

Бисёре аз хонаҳое, ки арманиҳо дар ноҳияи Калбаҷар гузошта рафтаанд, ба озариҳо тааллуқ дошт

Арманистон ба ихтиёри Озарбойҷон супурдани минтақаҳои баҳсбарангези Қаробоғи куҳиро оғоз кард, ки як шарти созиши оташбас барои хотима додан ба ҷанги ду тараф аст.

Бино ба гузориши бахши армании Радиои Озодӣ рӯзи 15-уми ноябр ноҳияи Калбаҷар ба ихтиёри Озарбойҷон супурда шуд ва теъдоде аз арманиҳо пеш аз тарки ноҳия хонаҳояшонро оташ задаанд. Дар Калбаҷар то соли 1990 ва қабл аз оғози ҷанг барои Қаробоғи куҳӣ асосан озариҳо мезистанд ва баъдан онҳоро арманиҳо аз зодгоҳашон ронданд.

Бисёре аз хонаҳое, ки арманиҳо дар ноҳияи Калбаҷар гузошта рафтаанд, ба озариҳо тааллуқ доштааст. Қабл аз супурдани ноҳия ба Озарбойҷон, арманиҳо охирин дафъа барои ибодат ба калисои Дадиванк рафтаанд, ки рӯзи 14-уми ноябр посдорони сулҳи Русия дар наздикии он мустақар шуданд.

Ҳукумати Русия гуфт, раиси ҷумҳур Владимир Путин рӯзи 14-уми ноябр ба ҳамтои озарии худ Илҳом Алиев гуфтааст, баъди ба ихтиёри Озарбойҷон гузаштани қаламравҳо калисову зиёратгоҳҳои масеҳиёнро нигаҳ дорад. Дафтари раёсати ҷумҳурии Озарбойҷон бо нашри баёнияе гуфт, Алиев қавл додааст, ки ҳамин корро мекунад.


Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *