Арманистон ҳам ноором аст

Пас аз  интихоби Серж Саркиссиён ба мақоми сарвазири Арманистон, дар пойтахт, шаҳри Ереван ҳазорон нафар раҳпаймоӣ карданд.

Маъмурони пулис рӯзи 18-уми апрел даҳҳо нафар аз ин тазоҳургаронро дастгир карданд, ки мехоҳанд, эътирозҳо дар Арманистон идома ёбад. Никол Пашиниён, пешвои мухолифони давлат, ки тазоҳургаронро раҳбарӣ мекунад, издиҳоми тазоҳургаронро ба самти хиёбони Маршал Баграмиён, ҳидоят кард, ки ба тарафи бинои порлумон мебарад.Ӯ ваъда дод, ки «муҳосираи» биноҳои муҳими ҳукуматиро идома медиҳад. Маъмурони пулисро ба наздикии Майдони Фаронса сафарбар карданд ва онҳо чанд нафарро дастгир карда ва ҳаракат дар роҳҳоро барқарор намуданд.Нерӯҳои пулиси зиддиюриш ҳам дар кӯчаҳои наздик ба хиёбони тазоҳургарон истоданд, то ҳаракат дар роҳҳо қатъ нашавад. Мухолифони давлат дар Арманистон Серж Саркиссиён, президенти  собиқро, ки рӯзи 17-уми апрел дар порлумон сарвазир интихоб шуд, ба ғасби қудрат муттаҳам мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *