Арманистон аз Тоҷикистон кумак мепурсад

Шояд масъалаи мазкур дар ҷаласаи вазирони умури хориҷии СААД рӯзи 19 май дар шаҳри Душанбе баррасӣ карда шавад

Армен Григорян ҳамтои тоҷикаш Насрулло Маҳмудзодаро тариқи як нома бо шиддати вазъ дар марзи Арманистону Озарбойҷон огоҳ карда, изҳор доштааст, ки амали Озарбойҷонро дастдарозӣ ба тамомияти арзии худ медонад.

Ба иттилои ҷониби Арманистон аз 12 май нерӯҳои мусаллаҳи Озарбойҷон бо баҳонаи аломатгузории марзҳо дар қисматҳои Сюник, Гегаркуник ва Вайотс Дзоре ҳудуди се километр пеш омадаанд. Арманистон ин амалро дастдарозӣ ба тамомияти арзии худ хонда, аз Озарбойҷон хоастааст, қувваҳояшро пас гираду ҳамзамон ба СААД муроҷиат кардааст.

Аз ҷумла иҷрокунандаи вазифаи сарвазири Арманистон, Никол Пашинян ба Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ба раиси СААД муроҷиат карда, аз таҳдид ба амният, субот, тамомияти арзӣ ва соҳибихтиёрии Арманистон ҳамчун як кишвари узви созмон хабар дод.

Насрулло Маҳмудзода дар пайи ин муроҷиат бо ҳамтои арманаш суҳбати телефонӣ карда, изҳор доштааст, ки роҳбарияти Тоҷикистон ҳамчун раиси СААД омодаи кумак барои ҳалли мусолиматомези низоъ миёни Арманистону Озарбойҷон мебошад.

Дар ин робита интизор меравад, ки масъалаи мазкур дар ҷаласаи вазирони умури хориҷии СААД рӯзи 19 май дар шаҳри Душанбе баррасӣ карда шавад.
Армен Григорян инчунин хостори ҷаласаи дабирони Шӯрои амнияти кишварҳои узви СААД шуда, таъкид намудааст, ки мавқеи созмон дар ин масъала муҳим буда, муайянкунандаи имиҷи он мебошад.

Ба иттилои Шӯрои амнияти Арманистон, Григорян бо Маҳмудзода шеваҳои вокунишро, ки дар санадҳои меъёрии СААД пешбинӣ шудаанд, баррасӣ кардаанд, аммо тафсилоти он ироа нашудааст.
Супутник

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *