Арманистон бе Саркасиён ва бо Пашиниён

Ҳазорон нафар дар майдони марказии шаҳри Ереван, пойтахти Арманистон истеъфои сарвазир Серж Саркиссиёнро қайд карданд, ки зери фишори тазоҳуроти афзоянда аз мақомаш даст кашид.

Серж Саркисиён, чанд рӯз пеш дар порлумон ба ҳайси сарвазир интихоб шуд, як рӯз баъд аз талаби мухолифон барои истеъфо аз мақомаш рафт.Ӯ дар як баёнияи расмӣ рӯзи 23-уми апрел гуфт, ки ба даъвати Никол Пашиниён, пешвои мухолифони давлат ва тазоҳургарон гӯш медиҳад.“Дар ин баёния омадааст, Никол Пашиниён ҳақ буд. Ман хато кардам. Вазъи феълӣ чанд роҳи ҳал дорад, вале ман ба ҳеҷ яке аз ин роҳҳо намеравам. Ман мақоми нахуствазири Арманистонро тарк мекунам. Ҳаракатҳои хиёбонӣ ба зидди ман буд ва ман талаби шуморо иҷро мекунам.”Серж Саркиссиёнро баъди хатми ду давраи раёсати ҷумҳуриаш дар охири моҳи март, рӯзи 17-уми апрел нахуствазир интихоб карданд. Ба ҷойи ӯ Армен Саркиссиён, рӯзи 9-уми апрел раиси ҷумҳур таъйин шуд. Бар асоси ислоҳоте, ки соли 2015 ба Қонуни асосӣ ворид карданд, раиси ҷумҳур салоҳиятҳои зиёде надорад ва як мақоми умдатан рамзист. Раиси ҳукумат нахуствазир аст ва аз салоҳиятҳои зиёде бархурдор мебошад.Хабари истеъфои нахуствазири Арманистон чанд соат пас аз он мунташир шуд, ки Никол Пашиниён, раҳбари мухолифони ҳукумати Арманистон як рӯз пас аз боздошт аз сӯи пулиси ин кишвар, озод шуд ва ба назди эътирозгарон дар маркази Ереван баргашт.Ӯ баъдан дар ҳузури мардуми зиёд дар маркази Ереван гуфт, «Шаҳрвандони соҳибифтихори Арманистон, шумо пирӯз шудед.» Ӯ гуфт, ки ҳеҷ як кишвари хориҷӣ дар тазоҳуроти онҳо дахолат накардааст ва коре ки онҳо карданд, «инқилоби соф махмалии арманӣ буд.»Пашиниён рӯзи якшанбеи 22-юми апрел пас аз мулоқоти номуваффақ бо Серж Саркиссиён, нахуствазири Арманистон, боздошт шуда буд. Дар ин мулоқоти кӯтоҳ Серж Саркиссиён пас аз он, ки ба дархости барканорӣ аз мақомаш рӯбарӯ шуд, маҳали мулоқотро тарк кард.Никола Пашиниён, ки аз шахсиятҳои сиёсии мухолифи ҳукумат дар порлумони Арманистон аст, эътирозҳои даҳрӯза дар он кишварро раҳбарӣ кардааст. Эътирозгарон Серж Саркиссиёнро муттаҳам карданд, ки пас аз 10 соли раёсати ҷумҳурӣ, бо қарор гирифтан дар мақоми нахуствазирӣ, ба пайи дар қабзаи худ нигоҳ доштани қудрат дар ин кишвар аст.Дар робита ба нооромиҳои ахир дар Арманистон Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) ибрози нигаронӣ карда, аз истифодаи зӯр дар нисбати эътирозгарон, нигаронӣ карда буд.Ин созмон ҳамзамон аз ҳуқуқи озодӣ ва эътирозҳои шаҳрвандӣ дар ин кишвар ҳимоят кард. Амрико ҳам аз тарафҳо хоста буд, ки хештандорӣ нишон дода, аз хушунат парҳез кунанд. Русия ҳам эълон карда буд, қавонин набояд зери по гузошта шавад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *