Арманистон: Серж Саргсян сарвазир интихоб шуд

17 апрели соли равон Маҷлиси миллии Арманистон собиқ президент Серж Саргсянро ҳамчун сарвазир интихоб намуд. Дар ин бора агентии «Синхуа» хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, ба ҷонибдории Саргсян 76 вакил овоз дода, 17 каси дигар зид баромадаанд. Дар овоздиҳӣ аз 105 вакил 97 нафар иштирок кардаанд. Дар асоси Конститутсияи нави Арманистон, Серж Саргсян амалан сарвари давлат боқӣ мемонад.

Ёдовар мешавем, ки 9 апрели соли равон маросими савгандёдкунии Армен Саркисян ба сифати президенти чоруми Арманистон баргузор гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *