Ғармич ва Наврӯзи водии Зарафшонро дӯст медорам!

Замони кӯдакиам модарам кулчаҳои калонро бо ширу қаймоқ шӯрида, дар таги алоб мепухтанд, баъд онҳоро дар табақҳои калони сафолин майда реза карда, бо рӯғани зард якҷоя мекарданд.

Наврӯз яке аз қадимтарин ва зеботарин идҳои мардуми ориёинажод буда, бо қудуми сабзи худ дилҳоро нуру сафо ва зиндагиро ҳусни нав мебахшад. Табиист, ки ҳар як минтақа оинҳои наврӯзии худро дорад. Дар арафаи Наврӯзи оламафрӯз бо яке аз машҳуртарин ҳунармандони театр ва кинои тоҷик Раҷабгул Қосимова мо сари анъанаҳои наврӯзии мардуми водии Зарафшон суҳбати ҷолибе оростем, ки фишурдааш пешкаши хонандагони гиромӣ мегардад.

-Аввалан омад-омади Наврӯзи аҷамро ба модари саҳнаи тоҷик муборакбод мегӯем!

-Ташаккур! Наврӯз ба шумо кормандони “Оила”-и азиз ва хонандагони ҳафтанома низ муборак бошад!

-Наврӯзи водии Зарафшон чӣ гуна мегузарад? Дар ин иди баҳорӣ бонувони Зарафшон дасту остин барзада чӣ мепазанд?

-Ман дар деҳаи Заврони шаҳри Панҷакент ба дунё омадаам. Занҳои мо субҳи содиқ аз хоб хеста, ҳама дар як ҷой ҷамъ мешуданд ва табақҳои гандуми сабзонидаашонро бо навбат дар уғурак кӯфта, бо ҳазлу шӯхӣ аз пайи пухтани суманак мешуданд.

-Занҳои Зарафшон ба ғайр аз суманак дар иди Наврӯз боз чиҳо мепазанд?

-Бичак (бурчак), чанголӣ, угропалав, вале хӯроки аз ҳама дӯстдоштаи мардуми Зарафшон ғармич аст.

-Ғармичро чӣ хел мепазанд?

-Аввал гӯши устухондорро чанд соат дар дег меҷӯшонданд. Вақте ки гӯшт ҳалоим гашта, аз устухон ҷудо шуд, устухонҳоро ҷудо карда мепартоем ва ба дег мушунг, лӯбиё, биринҷ андохта, кабудӣ мепошем.

-Бичак чист ва онро чӣ гуна мепазанд?

-Ин як намуд хӯрокест, ки аз алафҳо тайёр карда мешавад. Ёд дорам, ки чӣ тавр дар кӯдакӣ ҳамроҳи дугонаҳоям ба саҳро рафта, пудина, шулха, қоқу ва дигар алафҳои наврустаи хӯрданбоб мечидем. Модарам алафҳои чидаи моро шуста, реза мекарданд, баъд аз хамир зувола гирифта, онро чоркунҷа реза мекарданду алафҳоро ба дарунашон монда, мепечонданд. Бичакро дар танӯр мепазанд. Ману дугонаҳоям то пухтани он аз сари танӯр дур намешудем.

Мегӯянд, ки Раҷабгул Қосимова аз чанголӣ қимоб аст…?

-Замони кӯдакиам модарам кулчаҳои калонро бо ширу қаймоқ шӯрида, дар таги алоб мепухтанд, баъд онҳоро дар табақҳои калони сафолин майда реза карда, бо рӯғани зард якҷоя мекарданд. Ману дугонаҳоям маза карда, чанголӣ мехӯрдем. Чанд бор баъди хӯрдани чанголӣ касал шуда, шаб то саҳар азоб кашидам, аз ҳамин сабаб чанголиро бинам, дилам беҳузур мешавад. (механдад)

-Мардуми Зарафшон боз як хӯроки машҳури дигар доранд, ки оши туршак ном дорад…

Барои пухтани “Оши туршак” бо ғелак ним кило гӯшти қима, 4-5 дона пиёз, як қошуқ зира, каме қаламфури хушк, як қошуқ бӯгзор, яъне, кабудиҳои хушки кӯфташуда, каме намак ва алафҳои баҳорӣ аз қабили ҳулбӯ, юнучқа, газанда лозим аст. Маҳсулотҳои номбурдаро бо ҳам нағзакак омехта намуда, аз қимаи тайёршуда ғелакчаҳои кулӯлача месозанд ва дар равған сурх мекунанд. Дар деги дигар пиёзро зирбонда, об меандозед. Дег, ки ҷӯш омад, ғелакчаҳоро андохта, оташро паст кардан лозим, то ки маҳин ҷӯшад. Аз обу орду намак хамир шӯрида, угро мебуранд ва дар як деги калон обу намак андохта, дар зераш оташ мегиронанд. Вақте ки об ҷӯшид, угроро меандозанд. Угро бояд дар оташи нисбатан баландтар ҷӯшад, алов паст бошад, хамир мешавад. Вақте ки угро қариб пухт, ба дег алафҳои резакардаро меандозанд. Оши туршак, ки пухт, онро ба косаҳо кашида, ба ҳар коса ғелак меандозанд ва кабудӣ мепошанд.

-Ташаккур барои суҳбати бисёр ҷолиб. Бори дигар Наврӯз муборак бошад!

Суҳбаторо: Рустам Азимӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *