Қаробати ҷинсӣ бе розигии ҳамсар ҷиноят аст

Дар Шветсия аз 1 июл қонуни наве ба иҷро даромад, ки комиш ё қаробати ҷинсии бидуни розигии ҳар ду ҷонибро ҷиноят мешуморад.

Зану мард розигияшонро барои амали маҳрамона бояд ба таври шифоҳӣ ё фаҳмо баён кунанд. «Агар ҷонибе розӣ набошад, он ҷиноят шумурда мешавад. Новобаста аз он, ки хушунату таҳдид сурат гирифтааст, ё не», — менависад РБК бо истинод ба нашрияи The Local.

Шветсия даҳумин кишвари Аврупо аст, ки амали маҳрамонаи бидуни розигии ҳар ду ҷонибро таҷовуз эътироф мекунад.

Бунёдгузори лоиҳаи WikiLeaks Ҷулиана Ассанҷро соли 2010 ба таҷовузи ду зан дар Шветсия айбдор карданд. Худи Ассанҷ гуфт, сухан аз ихтиёриёне меравад, ки бо розигии худ бо ӯ амали маҳрамона анҷом доданд ва айбнома ба нашри мукотибаҳои дипломатие дар сомонаи WikiLeaks рабт дорад, ки ҳукумату бузургтарин ширкатҳои як қатор кишварҳоро дар ҳолати ногувор қарор дод.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *