Ҳарорати ҳаво паст мешавад

  Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, аз 30 июл дар  тамоми минтақаҳои  Тоҷикистон ҳарорати ҳаво 7- 8 дараҷа поён рафта, эҳтимоли боридани борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар назар аст.
Имрӯз дар минтақаҳои ҷанубии ҷумҳурӣ ҳаво рӯзона гарм шуда, то 37 дараҷа, дар минтақаҳои кӯҳӣ то 32 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ рӯзона 30-34 дараҷа гарм мешавад.
Дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарорат 25-30 дараҷа ва дар шарқи он 14-19 дараҷаро ташкил медиҳад.
Дар пойтахт  рӯзона 32-34 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Ҳавои сард  як рӯз идома ёфта, аз 31 июл баландшавии ҳарорати ҳаво дар назар аст.
Дар айни ҳол  фазои Тоҷикистон хокбориш фаро гирифта,  минтақаҳои марказӣ ва ҷанубии ҷумҳуриро ғуборолуд намудааст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *