Ҳарорати ҳаво рӯ ба пастшавӣ меорад

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, дар бештари ноҳияҳо чангу ғубор боқӣ мемонад. Шурӯъ аз имрӯз то охири ҳафта дар кишвар ҳарорат рӯ ба пастшавӣ меорад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон  иттилоъ додаанд.

Тибқи иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри тағйирёбанда шуда, ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 7-12, рӯзона 25+30 ва дар шарқи ин вилоят шабона 5 ва рӯзона +13+18 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво қисман абрноки тағйирёбанда шуда, шамол аз самти шарқ бо гузариш ба самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона +12+17 ва рӯзона +26+31 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, шамол аз самти шарқ бо гузариш ба самти ғарб 3-8 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона +14+16 ва рӯзона 31+33 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрноки тағйирёбанда гашта, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор боқӣ мемонад. Шабона +10 +15 ва рӯзона +30+35 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи камабр пешгӯӣ шуда, шабона +10+12 ва рӯзона +33+35 дараҷа гарм мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *