Ҳарорати ҳаво тадриҷан то 8-10 дараҷа паст мешавад

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон  шаҳрвандон ва меҳмонони кишварро  огоҳ менамояд, ки аз 13 то 15 ноябр дар қаламрави Тоҷикистон ҳавои номусоид пешбинӣ мегардад. Дар ин муддат тадриҷан то 8-10 дараҷа паст шудани ҳарорати ҳаво низ дар назар дошта шудааст.

Бино ба иттилои манбаъ, 13-14 ноябр дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ вазиши шамол аз самти шарқ ба 17-22 метр дар як сония мерасад. Дар баъзе аз минтақаҳои вилояти Хатлон тӯфони гардолуд ва чангу ғубор ва дар баъзе ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои ғуборолуд пешбинӣ мешавад.

Тибқи маълумоти обуҳавошиносони кишвар, дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок ва дар баъзе минтақаҳо борони кӯтоҳмуддат пешбинӣ шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 7-12 ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки бебориш пешбинӣ мегардад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1+6 ва рӯзона 16-21 дараҷа гарм ва дар шарқи ин вилоят  шабона  7-12 дараҷа хунук ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм мешавад.

Обуҳавошиносон дар вилояти Суғд ҳавои абрнок ва дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ менамоянд. Вазиши шамол аз самти шарқ ба 3-8 метр дар як сония мерасад. Ҳаво дар водиҳо шабона 5-10 ва рӯзона 18-23 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок ва борони кӯтоҳмуддат пешбинӣ шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона ба 5-10 ва рӯзона ба 13-18 дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки бебориш пешгӯӣ шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 7-9 ва рӯзона 17-19 дараҷа гарм мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *