Ҳарорати ҳаво то ду дараҷа паст мешавад.

Мувофиқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз, 31 август, дар бештари минтақаҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда ва бебориш пешгӯӣ шуда, ҳарорат то ду дараҷа паст мефарояд.

Бар асоси пешгӯии ин марказ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шудааст. Дар ғарби вилоят шабона 10-15, рӯзона 26-31 дараҷа ва дар шарқи ҳамин вилоят шабона 0-5 ва рӯзона 13-18 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво камабр шуда, гармии ҳаво дар водиҳо шабона 15-20 ва рӯзона 34-39 дараҷаро ташкил медиҳад.

Ҳаво дар  вилояти Суғд тағйирёбанда шуда, ҳарорат дар водиҳо шабона ба 15-20 ва рӯзона ба 32-37 дараҷа мерасад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда ва бебориш пешгӯӣ карда мешавад. Ҳарорат шабона 12-17 ва рӯзона  33-38 дараҷаро ташкил медиҳад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шуда, шабона 12-14 ва рӯзона  27-32 дараҷа гарм мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *