Қарори додситонӣ нисбати афсарони порагир
Додситонии шаҳри Душанбе нисбати муовини сардори шуъбаи кофтукови ҷиноии РВКД шаҳри Душанбе подполковник Фарҳод Нурхонов ва зердастони ӯ, аз ҷумла сардори шуъбачаи ШКҶ Аваз Сабзаев ва корманди ин шуъба Иромиддини Аҳлиддин ва дигарон бо иттиҳоми шиканҷа ва берун рафтан аз ҳадди ваколат парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст.
Дар қарори додситонӣ гуфта мешавад, ки ин мақомҳои баландпояи милиса шаҳрванд Солеҳов Ҳ.Ш.-ро ба қочоқи маводи мухаддир айбдор карда, ӯро бо қувваи барқ шиканҷа додаанд ва барои сабуктар кардани айбномаи ӯ ва ба ин парванда накашидани пои язнааш Хуршед Абдуҳалимов аз Абдуҳалимов 5 ҳазор доллар пора талаб кардаанд.
Дар қарори додситонии шаҳри Душанбе, ки нусхааш ба дасти сомонаи «Ахбор” расид, чунин гуфта мешавад:
«Бо сабаби онки дар ҳаракатҳои корманди РВКД дар шаҳри Душанбе аломатҳои таркиби ҷиноят дида мешавад, бо дастрасии моддаҳои 140, 145, 146, 148 ва 159-161, 163, 168 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР КАРДАМ:
1.Нисбати муовини сардори ШКҶ РВКД дар шаҳри Душанбе подполковники милитсия Нурхонов Фарҳод, сардор ва кормандони шуъбачаи ШКҶ РВКД дар шаҳри Душанбе Сабзаев Аваз, Иромиддини Аҳлиддин ва дигарон бо моддаҳои 316, қисми се, банди «а” ва 143-1, қисми 2, банди «б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шавад.”
Ба гуфтаи тафтишот, кормандони милитсияи пойтахт шаҳрванд Солеҳов Ҳ.Ш.-ро бо гумони даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир дастгир карда, ӯро барои маҷбур кардан ба эътирофи гуноҳ шиканда додаанд ва дар натиҷа ба ӯ ҷароҳатҳое расондаанд, ки ҳамчун расондани осеб ба саломатӣ таъбир мешаванд: «Сират ва сифати ҷароҳатҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки ин ҷароҳатҳо аз таъсири ҷисми сахту кунд мумкин аст дар санаи 07.01.2019 ба амал омада бошанд. Гирифтани ҷароҳатҳои ангушти дастон ва думбаи аз тарафи рост дар бадани Солеҳов Ҳ.Ш. аз таъсири ҷараёни барқ низ имконпазир мебошад.”
Додситонӣ мегӯяд, баъди ин подполковник Фарҳод Нурхонов ва Аваз Сабзаев язнаи Солеҳов — шаҳрванд Абдуҳалимов Хуршед Абдусаломовичро даъват карда, таҳдид кардаанд, ки агар 5 ҳазор доллар ҳамчун пора надиҳад, пои ӯро низ ба парвандаи муомилоти маводи нашъадор хоҳанд кашид.
Дар маводи парванда идомаи қазия чунин тасвир шудааст: «Дар натиҷаи бо исрор талаб кардани маблағи пулӣ Абдуҳалимов Х. рафта, дар назди манзили истиқоматиаш ба шахси фиристодаи Нурхонов Ф. 2800 доллари ИМА, яъне 28 адад купюраҳои 100-доллара медиҳад, ки пагоҳӣ Нурхонов Ф. гирифтанани маблағи пулиро тасдиқ намуда, боз соати 17:00 рӯзи 09 январи соли 2019 ӯро ба саҳни бинои РВКД Душанбе даъват намуда, ба назди муфаттиши калони ШТ РВКД Душанбе майори милитсия Ваҳҳобов Умед равон менамояд, ки ҳангоми суҳбат Ваҳҳобов У. аз Абдуҳалимов Х. барои бо дигар моддаи вазнинтар ҷавобгар накардани додарарӯсаш Солеҳов Ҳ. ва худи ӯро барои ба пуррагӣ аз ҷавобгарӣ дур намудан, тамаъҷӯӣ намуда, маблағи 2000 доллари ИМА ҳамчун пора талаб менамояд.”
Дар ниҳоят маслиҳати онҳо рӯи 1600 доллар қарор мегирад. Дар ивази ин пул, Ваҳҳобов розӣ мешавад, ки парвандаи Ҳ.Солеҳовро бар асоси қисми сеюми моддаи 201, бандҳои «а” ва «д” корбаст кунад.
Аммо Хуршед Абдуҳалимов дар бораи тамаъҷӯии кормандони РВКД Душанбе ба додситонӣ ва Агентии мубориза бо коррупсия шикоят бурд ва дар натиҷа, «11 январи соли 2019 тахминан соати 11-00 муфаттиши калони ШТ РВКД Душанбе майори милитсия Ваҳҳобов Умед Абдуҳалимов Х.-ро ба утоқи кории худ рақами 19-и РВКД Душанбе, воқеъ дар кӯчаи Айнӣ, 1 даъват намуда, аз ӯ маблағи пулии 1600 доллари ИМА-ро мегирад. Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ 1600 доллар аз утоқи Ваҳҳобов ёфта, гирифта шуд.”
Аммо бо вуҷуди ифтитоҳи парванда мансабдорони баландпояе, ки дар ин қазияи порагирӣ мегузаранд, дар озодӣ қарор доштаанд.
«Ахбор»
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ