Қарори Президент дар бораи сомонаҳо
Президенти Тоҷикистон бо имзои як қарор қоидаҳои ягона барои сомонаҳои интернетии тамоми сохторҳои давлатӣ, аз сатҳи ҷамоат то вазоратҳоро тасдиқ кардааст.
Тибқи қарор, ки моҳи равон имзо шуд, ниҳодҳои давлатӣ муваззаф шудаанд, сомонаҳои худро тибқи талаботи нав ба тартиб оранд, пайваста иттилои ҷадиду дархӯри рӯзро нашр намоянд.
Дастгоҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон масъул гардидааст, ки риояи қоидаҳои нави сомонаҳои интернетии ниҳодҳои давлатиро назорат кунад.
Хадамоти алоқа ва ширкати “Тоҷиктелеком” дастур гирифтаанд, ки давоми 9 моҳ тамоми заминаҳои техникӣ ва тарҳи мувофиқро барои сомонаҳои ниҳодҳои давлатӣ, аз сатҳи ҷамоатҳо то вазоратҳоро фароҳам оранд. Инчунин Хадамоти алоқа ва Тоҷиктелеком як сол муҳлат гирифтаанд, ки мавзеи ҷойкунии сомонаҳои интернетии давлатиро фароҳам созанд ва бо дархости мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар асоси шартнома, сомонаҳои интернетияшонро рушд диҳанд.
Ин қарори ҳукумати Тоҷикистон дар ҳолест, ки бисёре аз сомонаҳои интернетии мақомоти давлатӣ, расман вуҷуд доранду амалан фаъол нестанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ