Қарори Президент: Истеъмоли 25 грамм моҳӣ ва ним тухм дар як шабонарӯз

Як  нафар давоми як шабонарӯз бояд 404 грам нон ва маҳсулоти нонӣ, 111 грамм гӯшту маҳсулоти гӯштӣ, 25 грамм моҳиву маҳсулоти он, 316 грамм ширу маҳсулоти ширӣ, инчунин ними тухми мурғ истеъмол намояд.

Дар ин бора 31 августи соли равон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  Қарор «Дар бораи   меъёрҳои тавсиявии физиологии маҳсулоти асосии озуқаворӣ ба ҳар сари аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро  ба имзо расониданд.

Тибқи  қарори мазкур, ба феҳристи маҳсулоти асосии хӯроквории сокинони Тоҷикистон нону маҳсулоти нонӣ, растаниҳои ғалладонагӣ, лӯбиёӣ, гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, моҳӣ, шир ва маҳсулоти ширӣ, тухм, равған, қанд, сабзавоту маҳсулоти полезӣ, картошка ва чой дохил карда шудаанд.

Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабар доданд, Вазорати рушди иқтисод ва савдо    аз ҳисоби кормандони вазорату идораҳои дахлдор барои таҳияи меъёрҳои тавсиявии физиологии маҳсулоти асосии озуқаворӣ ба ҳар сари аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гурӯҳи корӣ таъсис дод ва дар ҷаласаҳои он тавсияҳои аз ҷиҳати илмӣ асоснок баррасӣ шуданд.

Бо пешниҳоди Гурӯҳи корӣ дар асоси хулосаи вазорату идораҳо лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи меъёрҳои тавсиявии физиологии маҳсулоти асосии озуқаворӣ ба ҳар сари аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» омода гардид.

Дар таҳияи лоиҳаи санади мазкур тавсияҳои Маркази ҷумҳуриявӣ оид ба масъалаҳои ғизои Академияи илмҳои тиб ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон вобаста ба меъёрҳои тавсиявии физиологии маҳсулоти асосии озуқаворӣ ба ҳар сари аҳолӣ ба инобат гирифта шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, тибқи меъёрҳои мазкур, як нафар дар давоми як шабонарӯз бояд 404 грам нон ва маҳсулоти нонӣ, 111 грамм гӯшту маҳсулоти гӯштӣ, 25 грамм моҳиву маҳсулоти он, 316 грамм ширу маҳсулоти ширӣ, инчунин ними тухми мурғ истеъмол намояд.

Истифодаи меъёрҳои мазкур ҳангоми таҳияи барномаҳои соҳавӣ барои ташкили истеҳсолоти рақобатпазири  ба талаботи бозор мувофиқ, истифодаи мақсаднок ва идоракунии захираҳои табиӣ ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо озуқа ва саноат бо ашёи хоми кишоварзӣ, мониторинги Барномаи амнияти озуқаворӣ ва амалӣ намудани чорабиниҳои дигаре, ки ба таъмини рушди устувори иқтисодиёт нигаронида шудаанд, мусоидат менамояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *