“Арсенал”: Мхитаряни арманитабор ба Боку намеравад

Футболбози арманитабори дастаи “Арсенал”-и шаҳри Лондон Ҳенрих Мхитарян дар бозии финалии Лигаи Аврупо бо дастаи “Челсӣ”-и Лондон, ки рӯзи 29-уми май дар Бокуи Озарбойҷон баргузор мешавад, иштирок нахоҳад кард.

Футболбози арманитабори дастаи “Арсенал”-и шаҳри Лондон  Ҳенрих Мхитарян дар бозии финалии Лигаи Аврупо бо дастаи “Челсӣ”-и Лондон, ки рӯзи 29-уми май дар Бокуи Озарбойҷон баргузор мешавад, иштирок нахоҳад кард.

Дар ин бора дастаи “Арсенал” зимни як изҳорот дар рӯзи 21-уми май хабар додааст.

Дар ин изҳорот далели ширкат накардани Мхитарян дар бозии финалӣ дар Боку ташреҳ нашудааст.

Дар изҳороти дастаи “Арсенал” омадааст, “ба қароргоҳи УЕФА дар ин бора навишта ва аз ҳолати баамаломада амиқан нигаронии худро изҳор кардем”.

Худи Мхитарян дар саҳифаи худ дар шабакаи Твиттер навишт, барои ӯ худдорӣ аз ширкат дар ин бозӣ “тасмими дарднок аст”, вале ӯ ҳам нагуфт, ки сабаби худдориаш чист.

Дар рӯзи 10 май сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Озарбойҷон Лайло Абдуллоева гуфт, бо вуҷуди ихтилофҳои тӯлонии миёни Озарбойҷону Арманистон, Мхитарян метавонад дар Боку бозӣ кунад. Ӯ афзуд, “варзиш аз сиёсат ҷудо аст”.

Дар даҳаи 1990 миёни Озарбойҷону Арманистон бар сари минтақаи Қаробоғи Кӯҳӣ мухолифатҳо ба амал омада ва боиси даргириҳо шуд.

Ин даргириҳо, ки боиси кушта шудани 30 ҳазор нафар ва беҷо шудани ҳудудан 1 миллион тан гардид, дар соли 1994 бо имзои оташбас поён ёфт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *