Artel ба Тоҷикистон меояд

Дар Тоҷикистон ширкати ӯзбекии Artel барои истеҳсоли яхдон ифтитоҳ мешавад, дар ин бора раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Фаррух Ҳамрализода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон хабар дод.

Вай афзуд, ки ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистон ба сатҳи нав баромадааст: соли гузашта сармоягузорони хориҷӣ ба иқтисодӣ Тоҷикистон 644,5 миллион доллар маблағгузорӣ кардаанд, ки аз он 5,4 миллион доллараш ба сармоягузорони ӯзбекистонӣ рост меояд.

Сармояи Ӯзбекистон ба рушди хоҷагии қишлоқ, паррандапарварӣ ва боғпараварӣ равона карда шудааст.

«Феълан, масъалаи ифтитоҳи коргоҳи Artel барои истеҳсоли яхдон дар Душанбе баррасӣ мешавад», — изҳор дошт вай.

Ҳамрализода ёдрас шуд, ки маҳсулоти ширкати мазкур чанд сол аст, ки дар бозори Тоҷикистон ба фурӯш меравад. Ширкат байни сокинони кишвар харидорони зиёд пайдо кардааст.

Ёдрас мешавем, пештар хабар дода шуд, ки дар Тоҷикистон коргоҳи бофандагии нав ба кор медарояд. Барои коргоҳи мазкур масолеҳи хом аз Ӯзбекистон ворид карда мешавад. Дар бозори «Хоҷӣ Шариф»-и Бохтар бошад, маркази соҳибкорони ӯзбекистонӣ ба фаъолият шурӯъ хоҳад кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *