Артиши Амрико чоҳҳои нафти Сурияро ҳифз мекунад

Қисме аз артиши амрикоӣ дар Сурия барои ҳифзи чоҳҳои нафт сафарбар мешавад. Низомиёни амрикоӣ чоҳҳои нафтро на танҳо аз ҳамлаи ҷангҷӯёни созмони террористии «Давлати исломӣ», балки аз ҳамлаи артиши Сурияву Русия низ ҳифз мекунанд.

Дар ин бора вазири мудофиаи ИМА Марк Эспер рӯзи душанбе дар суҳбат бо расонаҳо хабар дод.

Марк Эспер гуфт, артиши амрикоӣ дар Сурия нақши пулисро намебозад, аммо чоҳҳои нафти воқеъ дар ҳудудҳои зери назорати курдҳо бояд ҳифз шаванд. «ИМА назорати чоҳҳои нафти шимолу шарқи Сурияро идома медиҳад», — гуфт Эспер. Вай ҳамзамон афзуд, маҳз чоҳҳои нафт манбаи асосии даромади «Давлати исломӣ» буданд. Айни ҳол фурӯши нафт ва маҳсулоти нафтӣ манбаи даромади неруҳои курдӣ аст ва ИМА тасмим дорад, ки ба ҳампаймонони худ дар амри ҳифзи чоҳҳо кумак кунад.

Ба гуфтаи вазири мудофиаи ИМА, неруҳои мухталифи «давлативу ғайридавлатӣ» ҳавасманданд, ки чоҳҳои нафтро дар ихтиёр дошта бошанд. Ба суол дар бораи ин ки оё ҳадаф роҳ надодани неруҳои Сурияву Русия ба чоҳҳои нафт аст, Марк Эспер гуфт: «Мухтасар посух диҳам, бале. Дар айни ҳол».

Ҷузъиёти рисолати нави ИМА дар Сурия ҳоло хабар дода намешавад. Эҳтимол меравад, шуморе аз низомиҳо ва техникаи низомии ИМА ба шарқи дарёи Фурот, наздикии муҳимтарин чоҳҳои нафти Сурия ирсол шавад.

Моҳи феврали соли 2018 зархаридони Сурия дар якҷоягӣ бо артиши Сурия талош карданд, ба корхонаи полоиши нафти наздикии шаҳри Дайр-аз-Зори Сурия ҳамла кунанд. Ин корхона дар назорати неруҳои амрикоӣ аст ва ҳамлаи мазкур аз сӯи онҳо пас гардонида шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *