Артиши Хитой дар Тоҷикистон?

Вазорати мудофиаи Амрико Тоҷикистонро дар қатори кишварҳое номбар кардааст, ки эҳтимол Чин мехоҳад, дар он ҷо барои истиқрори нирӯҳояш пойгоҳи низомии худро таъсис диҳад.

Ин матлаб дар гузориши нави Пентагон зикр шудааст, ки рӯзи 1-уми сентябр нашр шуд.Амриё Бобоев, муовини сардори раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ин даъворо рад намуда, гуфтааст,ки Тоҷикистон бо Чин дар ин мавзуъ ягон музокирот доир накардааст ва ин маълумот воқеият надорад.

Дар матни гузориши солонаи Пентагон ба унвонии Конгресс, аз ҷумла, омадааст: «Ҷумҳурии Мардумии Чин ба эҳтимоли зиёд барои Артиши озодихоҳи мардумӣ дар хоки Мянмар, Тайланд, Сингапур, Индонезия, Покистон, Шри-Ланка, Имороти Муттаҳидаи Араб, Кения, Сейшел, Танзания, Ангола ва Тоҷикистон макони ҷойгиркунии муассисаҳои лоҷистикӣ бунёд кардан мехоҳад.

«Айни замон Тоҷикистон макони истиқрори 7 ҳазор нирӯи низомии Русия аст. Русия дар робита бо зикр шудани Тоҷикистон дар гузориши Пентагон расман изҳори назар накардааст.

Ҳамчунон мавқеи мақомоти тоҷик ба ин гузориш маълум нест.Вале моҳи феврали соли 2019 рӯзномаи “Вашингтон пост” бо нашри аксҳои моҳвораӣ навишт, ки дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар чандкилометрии марзи Чин, се сол аст, ки пойгоҳи низомии махфии Чин вуҷуд дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *