Артиши Сурия ба кумаки курдҳо мешитобад

Нерӯҳои давлатии Сурия дастур гирифтанд, озими минтақае шаванд, ки дар онҷо амалиёти низомии Туркия идома дорад. Манобеи расмӣ дар Сурия амалиёти Туркияро «таҷовуз бар марзҳои давлатии худ» номиданд.

Ҳамзамон аз оғози гуфтугӯҳо миёни намояндагони ҳукумат ва «Нерӯҳои демократии Сурия» (гуруҳҳои мусаллаҳи курд) хабар дода мешавад. Ба иттилои​ Reuters, гуфтугӯҳо дар пойгоҳи низомии Хмеймим дар Латақия, ки аз сӯи русҳо идора мешавад, ҷараён доранд. Дар бораи ҷузъиёти гуфтугӯҳо хабар дода намешавад.

Хабарнигори CNN, ки дар маҳалли задухурдҳо қарор дорад, аз ташаннуҷи якбораи вазъ иттилоъ медиҳад.

Ба иттилои Би-би-сӣ, вазири дифои ИМА Марк Эспер гуфт, эҳтимол дорад, Туркия амалиёти худро густардатар кунад.

Бино ба навиштаи Би-би-сӣ, амалиёти низомии Туркия зидди гуруҳҳои мусаллаҳи курд равона шудааст, ки дар мубориза зидди созмони террористии «Давлати исломӣ» ҳампаймони асосии ИМА буданд. Ба гуфтаи Эспер, мумкин аст, курдҳо аз Сурия ва Русия дархости кумак кунанд ва «бинобар ин, Вашингтон аз онҳо ҳимоят нахоҳад кард».

Ба ҳисоби СММ, дар пайи оғози амалиёти низомии Туркия дар Сурия беш аз 130 ҳазор одам хонаҳои худро тарк кардаанд. СММ ҳушдор медиҳад, ки шумори гурезаҳо афзоиш хоҳад ёфт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *