Артиши Тоҷикистон соҳиби беш 1 ҳазор мутахассис шуд

Пойгоҳи 201 Русия дар соли ҷорӣ барои артиши Тоҷикистон беш як ҳазор мутахассиси низомию фаннӣ омода кардааст.

Омодасозии кадрҳои низомӣ дар ин пойгоҳи низомӣ дар авоили моҳи июн аз рӯи ихтисосҳои ронандаи танки Т-72 ва мошини ҷангии БМП-2, ронандаи мошини зиреҳпӯши БТР-80, командирону операторони системи оташфишони “Град”, разведкачиҳо ва ғайра шурӯъ шуда буд.

Давраҳои омӯзишӣ ва машқҳои ҷангӣ бо истифода аз тӯпу танк дар майдонҳои ҷангӣ ё полигонҳои Лоҳур ва Сумбула анҷом шудааст. Пас аз супурдани имтиҳонот ба низомиёни тоҷик рутбаи мутахассиси хурд аз рӯи ихтисосҳои омӯишдида дода шуд.

Бар асоси Созишномаи Тоҷикистону Русия дар мавриди ҳузури низомиёни рус дар ҳудуди Тоҷикистон шурӯъ аз соли 2015 барои низомиёни тоҷик давраҳои кӯтоҳмуддати низомӣ баргузор мешавад.

Пойгоҳи 201 Русия дар Тоҷикистон бузургтарин пойгоҳи низомии ин кишвар дар ҷаҳон буда ва дар шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар ҷой гирифтааст.

Тибқи Созишномаи Русия ва Тоҷикистон, ки дар моҳи октябри соли 2012 имзо шуда буд, пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон то соли 2042 боқӣ хоҳад монд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *