“АРВАНД”-қудрат, малака,омӯзиш, иқдом!
Мусоҳиба бо директори кулли ҶДММ ТАҚХ “Арванд” Содиқова Шоира Музаффаровна
-Фарорасии ҳар ҷашн марҳилаи ҷамъбасти дастовардҳост. Фаъолияти шонздаҳсолаи Ташкилоти амонатии қарзии хурди “Арванд”-ро дар арафаи 21-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷамъбаст намуда, пеш аз ҳама, дар бораи чӣ нақл кардан мехоҳед?
— “Арванд” – падидаи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ мебошад.Маҳз ба туфайли ваҳдат ва осоиштагӣ дар кишвари мо, соли 2002 аз ҷониби ташкилотҳои байналхалқии ACDI/VOCA ва USAID ҳамчун лоиҳаи минтақавӣ «Оид ба маблағгузории хурд дар водии Фарғона» таъсис дода шуда буд.
Баъдан МДТМ бо номи Фонди қарзии хурди «МикроИнвест» расман ба қайд гирифта шуд.
Аз соли 2008 ҳамчун Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди Ташкилоти амонатии қарзии хурди «Арванд» фаъолият мекунад. Омор нишон медихад, ки аз соли 2002, аз вақти ташкилёбиаш то инҷониб, “Арванд” барои беш аз 400 ҳазор мизоҷон хизматрасониҳои молиявӣ пешниҳод намудааст. Имрӯз “Арванд” соҳиби 64 идораҳои хизматрасонӣ дар ҳудуди вилояти Суғд, Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ аст, ки дар он зиёда аз 800 нафар кормандони пуртаҷриба кору фаъолият мебаранд. Дар давоми 16 соли фаъолият мо ба якчанд бухронхои иктисод дучор гашта, онхоро бо сарбаландӣ паси сар кардем, ва “Арванд”ҳамчун ташкилоти босубот ва рушдкунанда ба сӯи оянда қадамҳои устувор мегузорад.
— Фаъолияти имрӯзаи “Арванд” аз кадом хизматрасониҳои молиявӣ иборат аст?
— Намудҳои хизматрасониҳо гуногунанд, аз ҷумла қарздиҳӣ, амонатҳо,интиқоли маблағ, ивази асъор, ҳамчунин хизматрасонии ҳисоббаробаркунии хазинавӣ ва интернет-банкинг.
Қарздиҳӣ яке аз хизматрасониҳои асосии “Арванд” аст, ки аз тарафи мизоҷон фаъолона истифода бурда мешавад. Мо ба соҳаҳои тиҷорат, хизматрасонӣ, хоҷагиҳои кишоварзӣ ва барои талаботи истеъмоливу харидани манзил қарзгузорӣ менамоем. Сандуқи қарзии “Арванд” имрӯз 256 млн. сомониро ташкил намуда, шумораи мизоҷони фаъол бошад, беш аз 39 000 нафарро ташкил медиҳанд.
-Барои рушди кадом соҳаҳои хоҷагии халқ ташкилоти шумо тавассути қарздиҳӣ бештар саҳмгузорӣ менамояд?
— Саҳми мо, пеш аз ҳама, барои рушди соҳаи кишоварзӣ дар кишвар калон аст,бо ин мақсад 87,4 млн сомонӣ қарз пешниҳод шудааст. Гуфтан лозим аст, ки қарзҳо барои рушди кишоварзӣ бо фоизҳои муфид, муҳлати дароз ва бо пешниҳоди ҷадвали пардохти қулай ва давраи имтиёзнок пешниҳод карда мешавад.
Бо мақсади саҳмгузорӣ дар ҳифзи муҳити атроф ва ҳалли масоили экологӣ“Арванд” лоиҳаи “Климадапт”-ро барои мизоҷон пешандозӣ менамояд. Мақсад аз он қарзгузорӣ барои дастрас намудани технологияҳои инноватсионӣ дар ин самт мебошад.ҶДММ ТАҚХ «Арванд» аз моҳи августи соли 2017 дар доираи лоиҳаи “Климадапт” ба деҳқонон, хоҷагиҳо ва соҳибкорон ба қарздиҳӣ оғоз намуд. Қарзҳо барои насби обёрии қатрагӣ, барқарорсозии қубурҳои об, насосҳо, кранҳо ва низоми тақсимоти об, анҷом додани тадбирҳои сарфаи энергия, гармкунии девору сақфҳо, иваз кардани дару тирезаҳо, модернизатсияи таҷҳизоти истеҳсолӣ, насби панели офтоб ва амсоли инҳо дода мешаванд.
-Шумораи мизоҷоне, ки суратҳисоби амонатӣ кушода, пулҳои худро ба “Арванд” боварӣ намуданд, зиёданд?
-Кам нестанд. Сандуқи амонатии “Арванд” имрӯз зиёда аз 60,6 млн. сомониро ташкил намуда, 29 000 мизоҷон аз ин намуди хизматрасонӣ истифода мебаранд.Аз тарафи гурӯҳи тренерони ташкилоти мо бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши молиявии мардум ба таври ройгон тренингҳои омӯзишӣ гузаронида мешаванд. Тавассути гузаронидани аксияҳо, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва дигар чорабиниҳо сафи ҳар гуна мизоҷони амонатгузор ҳамасола меафзояд. Соли 2017 зиеда аз 2955 нафар иштирокчиён дар тренинги мазкур ширкат варзиданд. Бояд қайд намуд, ки фоизҳое, ки ба амонатгузорон пешниҳод мешаванд, ҷолиб ва интихобашон фарох аст. Мизоҷон метавонанд аз 10 намуди амонатгузорӣ барои худ қулайтаринро интихоб намоянд.
-Умуман гирем, мизоҷони мақсадноки “Арванд” киҳоянд?
— Фоизи асосии мизоҷони моро аҳолии даромадаш паст, миёнадошта ва аҳли деҳот ташкил менамояд. Мо ба ҷалби занҳо, инчунин занҳое, ки оиларо бо сабабҳои гуногун танҳо сарварӣ менамоянд, аҳамияти хоса медиҳем. Имрӯз 43% шумораи мизоҷонро занҳо ташкил менамоянд, ки бештар бо соҳибкорӣ ва хоҷагидорӣ машғул мебошанд.
Дар номгӯи хизматрасониҳои молиявии мо намудҳои махсус барои занҳо тартиб ва пешниход мешуда, ки дар худ имтиёзҳои хоса дорад, низ ҳастанд.
-Фикри шахсии Шумо нисбати “зиндагӣ ба тариқи қарз” чӣ гуна аст?
—Ҷавоби ин саволро аз зарурияти қабули қарори молиявии дуруст оғоз мекунам.
Бо кадом максад, ба фикри шумо, “Арванд” тренингҳои молиявиро ройгон ба аҳолӣ пешниход менамояд? Ҳол он ки, ташкили ин чорабиниҳо харҷи муайяни худро талаб менамояд.
Мақсад дар он аст, ки “Арванд” барои ташкил ва инкишофи муҳит ва маърифатнокии молиявии мардум ҳиссаи худро гузошта истодааст. Пешниҳоди қарз ба аҳолӣ танҳо нисфи кор аст, ин иқдом бояд ба натиҷаи мусбии молиявӣ ҳар ду тарафи ин додугирифтро расонад, ҳам мизоҷ ва ҳам ташкилотро.
Пеш аз ҷалби қарз, мизоҷ бояд қобилияту малакаи соҳибкории худро бо ҷавоб ба саволҳои зерин пешбинӣ намояд: оё дар ҳар гуна ивазшавии муҳити бозор маблағи қарзи фоидаовар баргардонида шуда метавонад ё на? Кадом муҳлат бештар аст дар ин ҳолат? Аз кадом имтиёзҳо истифода бурдан мумкин аст? Шумо мизоҷи тӯлонии “Арванд” ҳастед, ки таърихи қарзии шумо (яъне пардохти пурра ва саривақтии шумо) ягон маротиб коҳиш наёфтааст? Дар ин ҳолат имтиёзи ташкилотро омӯхта ҷалб намудан лозим аст.
Аз рафтори баъзе мизоҷон, ки нишонаи ҷалби зуди маблағи карзӣ доранд, хулоса бармеояд, ки қарори онҳо на ҳама вақт баркашида мебошад. Бар тавозуни ин, кумитаи қарзии ташкилот ҳамаи эҳтимолияту хатарҳоро пешбинӣ намуда, дар назди мизоҷ вазифа мегузорад, то ин ки шартномаи қарзӣ бо назардошти ҳамаи омилҳо аз тарафи мизоҷ имзо гардад.
Аз рисолати “Арванд” бармеояд, ки мизоҷ дар ҳамкорӣ бо мо рӯ ба беҳбудӣ гардонад. Бо назардошти ин “Арванд” фаъолияти босамари худро дорост.
Соли 2014 чун тасдиқи фаъолияти босифати худ, ҶДММ ТАҚХ “Арванд” расман бо Сертификати «SMART Campaign» мукофотонида шуда, аввалин муассисаи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид, ки бомуваффақият мавҷудияти мувофиқати комил ва риояи 7 принсипи ҳимояи ҳуқуқи мизоҷон дар амал татбиқ намудааст.
-“Арванд”-ро дар бозори молия чун ташкилоти инноватсионӣ ном мебаранд,аз кадом лиҳоз?
-Шояд, барои он ки “Арванд” ҳамеша дар ҷустуҷӯи технологияҳои нав, роҳҳои роҳбарии нав, хизматрасониҳо ва лоиҳаҳои нав аст. Мо ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки барои мизоҷонамон саҳни фарохи фаъолиятро муҳайё намоем. Аз ин рӯ, пайваста навгониҳои бозори ҷаҳониро меомӯзем, шаклҳои нави корбариро дар байни мардум, аз ҷумла соҳибкории инклюзивиро меомӯзем,тадқиқотҳо мебарем. Баҳри он саъю кӯшиш менамоем, ки ҳам дар самти молия ва ҳам техникаву технологияҳодар бозори кишварамон яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол намоем.Барои осон ва қулай гардонидани пешниҳоди хизматрасонӣ ба мизоҷон дар ташкилот Интернетбонкинг ҷорӣ гардид. Инчунин бояд кайд намуд, ки акнун мизоҷон ва меҳмонони Хуҷандшаҳр метавонанд 24 соат аз хизматрасониҳои молиявии ташкилоти мо истифода намоянд ва мо ният дорем, ки дар ояндаи наздик чунин хизматрасониро ба таври фарох ба аҳолӣ пешниҳод кунем.
Инчунин тавре ба ҳамагон маълум аст, дар ҷумҳурӣ соли 2018 “ Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидааст. “Арванд” низ баҳри рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллӣ саҳми худро гузошта, барои мизоҷон меъёри фоизии қарзии “Ҳунармандӣ ва сайёҳӣ”-ро тасдиқ ва дар тамоми Ҷамъият ҷорӣ намудааст.
-Таманниёти Шумо дар Рӯзи Ваҳдати миллӣ чӣ гуна аст?
-Ба тамоми мардуми Тоҷикистон Рӯзи Ваҳдати миллиро сидқан муборакбод мегӯям.Осоишу ободии мо-ҳама самараи ҳамин Ваҳдат аст. Бигузор сулҳу Ваҳдати мо поянда бошад!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ