Қарз боиси худкушии Нозима гашт

Нозима Эргашева, зани 29-сола рӯзи 14 декабр дар қабулгоҳи ҳукумати ноҳияи Қибрайии вилояти Тошканди Ӯзбекистон худро оташ зад.

Ба гуфтаи шоҳидон, ин зан гуфтааст, мақомот даъвои ӯро дар робита ба беасос буридани лӯлаи гази хонааш нодида мегиранд.

«Соати тахминан 10:15 дақиқаи рӯзи 14 декабр раиси ноҳия сокинонро қабул мекард. Дар маҷлис як зан шикоят кард, ки коргарони мақомот лӯлаи гази хонаи ӯро барои қарздориаш буридаанд ва ду моҳ аст, ки ҳеч як ниҳоде шикоятҳои ӯро ба баррасӣ намегирад. Ба ин зан фаҳмониданд, ки қарзашро пардозад ва дубора лӯларо васл хоҳанд кард. Баъди ин зан зарфи бензинро оташ зад. Одамоне, ки дар наздикии вай нишаста буданд, дар хомӯш кардани оташ кумак расониданд. Толор ҳам оташ гирифт, аммо оташро сари вақт хомӯш карданд», — нақл кард як шоҳид.

Ба иттилои як мақомдор, ки нахост номаш зикр шавад, ҷароҳати Нозима Эргашева сӯхтагии дараҷаи 1 аст.

«Ин зан мехост, толори маҷлисро оташ занад. Вай зарфи пури соляркаро оташ дода ба сӯи минбари толор ҳаво дод. Дар назди минбар касе набуд. Аз оташи зарф дастони зан сӯхт», — гуфт Холмурод Раббониев, як масъули ноҳияи Қибрайӣ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *