суд

Арзи мардумро гӯш накардӣ? Ҷазоятро мегирӣ…

Сатторов талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» — ро дағалона вайрон намуда, муроҷиати шаҳрвандонро нодида мегирифт.

Суди вилояти Хатлон ҳукми Сатторов Абдураҳим заминсози ҷамоати деҳоти Носири Хусравро эълон кард.
Ба иттилои котиботи прокуратураи ин вилоят, номбурда аз моҳи майи соли 2015 дар мақоми мазкур ифозаи вазифа мекард.
Гуфта мешавад, дар давраи фаъолияти кориаш Сатторов талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикмстон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» — ро дағалона вайрон намуда, муроҷиати шаҳрвандонро нодида мегирифт.
Манбаъ аз ҷумла шаҳрвандонеро, ки ба заминсоз муроҷиат карданду мушкилоти онҳо бе ҳал монд, номбар кард.
«Шаҳрвандон Худойназаров, Хушвахтов, Беков, Норов, Бобомуротов, Дустмуродова, Бобомуродов ва ҳамчунин муроҷиати сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Қубодиён бидуни таваҷҷӯҳи Сатторов монда, ба ҳуқуқ ва манфиатҳои ҳифзшудаи онҳо зарари ҷиддӣ расонида шудааст», — таъкид мешавад дар хабар.
Ба ҳамин минвол, додгоҳи вилояти Хатлон 18 сентябри соли 2020 нисбати Сатторов тибқи моддаи 163 қисми 1-и Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуд.
Бо қарори суд, Сатторов гунаҳгор дониста шуда, ӯро ба пардохти 5 800 сомонӣ ба фоидаи давлат муваззаф намуданд.
“Спутник”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *