Арзиши як доллари амрикоӣ 10 сомонӣ хоҳад шуд

Агар арзиши доллар аз марзи пешбиникардаи Ҳукумати Тоҷикистон берун нашавад, қурби як доллари амрикоӣ дар соли 2020 дар сатҳи 10 сомонӣ қарор хоҳад гирифт. Ин қурби доллар пешбинии Вазорати рушди иқтисод ва савдо аст, ки бо қарори ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ шудааст ва дар се соли оянда ҳамаи ниҳоду вазоратхонаҳои блоки иқтисодии Тоҷикистон, аз рӯи он фаъолият хоҳанд кард.

Вазорати рушди иқтисод дар пешбинии худ таҳти унвони “Пешбинии нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020”, муҳимтарин нишондодҳое, ки бояд ҷумҳурӣ ба он дар ин муддат ноил шавад, муайян кардааст. Дар ин пешбинӣ гуфта мешавад, қурби як доллар дар соли 2018 ба 9 сомонӣ, соли 2019 ба 9 сомониву 40 дирам ва дар соли 2020 ба 10 сомонӣ, баробар хоҳад шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *