Ҷасадҳо аз Боғи Айнӣ кӯчонида шуданд
Тавре,ки як тан аз ақрабои нафарони номдори дар Боғи Айнӣ гӯронидашуда ба расонаҳо гуфтааст, аллакай чанд ҷасади дар ин боғ гӯронидашуда, аз ҷумла ҷасади Камол Айнӣ, ҳамсари ӯ Мукаррама Ашрафӣ, Боқӣ Раҳимзода, Муҳаммад Осимӣ аз ин боғ бардошта шуда, ба қабристони Лучоб бурда шудааст. Ба гуфти ин нафар, ақрабои ин шахсиятҳо дар ин бора огоҳ карда нашудаанд ва вақте, ки ӯ огоҳ гардидааст, аллакай ин кор ба таври пинҳонӣ сурат гирифта будааст. “Ман ба он ҷо рафтам. Дар ин бора ба мо аз ҳукумати ноҳияи Сомонӣ хабар доданд, моро қаблан огоҳ накарданд” мегӯяд ин нафар. Ба гуфти ӯ, ҳоло кӯчонидани ҷасади Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов аз Боғи Айнӣ ба қабристони Лучоб идома дорад. (Тафсилоти минбаъаро дар ин бора дар ҳамин ҷо хонед)
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ