Асабҳоятон хароб аст? Чанд гиёҳи муъҷизанок дармони шумо

Дар як идораи бонуфуз кор мекунам. Намедонам таъсири рӯзи дароз дар паси компютер нишастанам бошад ё душвориҳои зиндагӣ, ки асабҳоям сахт хаста шудаанд. Бо андак гап ба ғазаб меоям, гоҳо ба кӯдаконам низ даст мебардорам. Ростӣ, худамро идора карда наметавонам. Чанд маротиба доруҳои оромкунандаи асаб истеъмол кардам, вале шавҳарам монеъ шуд, ки онҳо зарар доранд. Хоҳиш мекунам, ки чанд роҳи табобати халқиро тавсия диҳед.

Гулистон ӮРУНОВА, шаҳри Душанбе          

Посухи табиби мардумӣ Садриддиншоҳ Ҷалолӣ:

— Хоҳари азиз Гулистон, аз эҳтимол дур нест, ки асабонияти шумо таъсири хастагии зиёд бошад. Пеш аз ҳама одати ба сари кӯдак даст бардоштанатонро партоед. Бисёриҳо ба хотири пеш бурдани зиндагиашон ҳатто рухсатии меҳнатӣ намегиранд. Агар шумо ҳам аз ҳамон тоифа бошед, фавран барои ба рухсатӣ баромадан ариза нависед, чунки бо чунин асабҳои хароб на худатон эҳсоси шодмонӣ менамоеду на корхона аз кори мекардаи шумо баракат меёбад. Фаромӯш накунед, ки шумо барои ҳама, ҳатто барои шавҳару фарзандатон низ солиму бардам ва хандону меҳрубон лозим ҳастед.

Ман ба шумо чанд гиёҳи дастрасро тавсия медиҳам, ки асабро ором менамоянд. Ҳамарӯза аз ин гиёҳҳо даво тайёр карда, бинӯшед.

Аввал: Решаи сунбул (валериана)-ро бо пудинаи боғӣ ва гули бобуна якҷоя карда, як қошуқи ошхӯрии ин гиёҳҳоро дар 200 грамм оби ҷӯш дар зарфи сирдор аз шаб то саҳар дам кунед, сипас соф карда, дар ягон зарфи шишагин бирезед. Рӯзе 3-4 маротиба аз ин гиёҳоб дуқошуқӣ бинӯшед, асабатонро ором менамояд.

Дуюм. Ниёзбӯ, тухми карафс ва решаи сунбулро ба миқдори баробар гирифта омехта намоед ва ду қошуқашро дар термос андохта, аз болояш ним литр оби ҷӯшомадаро бирезеду монед то саҳар истад. Дар давоми рӯз чанд маротиба нимпиёлагӣ аз ин даво бинӯшед.

Сеюм. Асабоният ҳамроҳ бо фишори хун бошад, давои зерин ба дарди шумо мехӯрад: пудинаи сиёҳ, кокутӣ, карафс (реша, барг ё тухмаш), ниёзбӯ (мелиса), решаи сунбул ва дӯлонаи сурх. Решаи сунбул ва дӯлонаро дар зарфе гирифта, 15 дақиқа дар бухори об нигоҳ доред, сипас гиёҳҳои дигарро андохта, монед ним соат истад. Пас аз ин давои ҳосилшударо соф карда, сеқошуқӣ рӯзе 4-5 маротиба бинӯшед, асабҳоятон ором, фишори хунатон муътадил ва табъатон болида мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *